Духтарчаи дусолаи як оилаи зодагони Тоҷикистон шоми 13 декабри соли 2023 дар шаҳри Приозёрски вилояти Ленингради Русия бар асари як ҳодисаи нохуш ҷон додааст.
Нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Фонтанка”, хабар доданд, ки фоҷиа дар як манзил дар кӯчаи Калинин вақте рух дод, ки ин кӯдак ҳамроҳи бародари сесолааш бозӣ мекард. Аз қазо вақти бозии кӯдакон тумбае, ки дар болояш телевизор буд, ҳамроҳи телевизор ба болои сари духтарча чаппа шудааст. Бино ба иттилои Piter.tv, кӯдак дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар бораи осеб дидан ё надидани писарчаи ин хонадон дар хабарҳо чизе гуфта нашудааст.
Ҷасади духтарчаи ҳалокшударо барои ташхис ба морг бурдаанд, тафтиши ҳодиса идома дорад.
Оилае, ки духтарчаашон ба чунин сурати фоҷиавӣ ғӯррамарг шуд, оилаи пурраву солим ба шумор меравад ва дар қайди бахши ноболиғон қарор надошт. Ҳарду кӯдаки ин хонадон шаҳрванди Русия буданд ва ба боғчаи кӯдакон мерафтанд.
Модари онҳо, ки ҳамагӣ 23 сол дорад, дар идораи коммуналӣ ба ҳайси кӯчарӯб (дворник) кор мккард. Падари кӯдакон расман ҷои кор надошт.
“Провинция.ру” хабар дод, ки духтарчаи ҳалокшуда дар Тоҷикистон ба дунё омада буд, вале як сол пеш соҳиби шаҳрвандии Русия шуд. Бино ба иттилои нашрияи 47channel (“Канали 47”), соли 2022 ин духтарча ҳамроҳи бародарашу модари 23-солааш якҷоя шаҳрвандӣ гирифтанд.
“Фонтанка” менависад, ки ду рӯз қабл ҳамин тавр дар шаҳри Петербург телевизор болои сари як кӯдак чаппа шуда буд, вале дар он маврид, хушбахтона, кӯдак осеби чандон ҷиддӣ набардошт ва ӯро ҳатто дар бемористон бистарӣ накарданд.
Ҳар сол дар Русия то ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон ба иллатҳои гуногун ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кор ва ҷои зист як иллати умдаи маргумири муҳоҷирони тоҷик дар Русия шумурда мешавад.
Шаҳри Приозёрск, маркази маъмурии ноҳияи ҳамном дар вилояти Ленинград, дар соҳили кӯли Ладога ҷойгир шуда, кме бештар аз 18 ҳазор аҳолӣ дорад.
Ин шаҳр дар асрҳои миёна Корела ва то миёнаҳои асри 20 Кексҳолм ном дошта, ба қаламрави Финландия дохил мешуд. СССР ин шаҳр ва сарзаминҳои дигари зиёдеро дар атрофи он дар ҷараёни ҷангаш бо Финландия дар солҳои 1938-1940 ишғол кард ва ба қаламрави худ даровард. Соли 1948 номи Кексҳолм ба Приозёрск иваз карда шуд.