ЭРОН ВИЗАРО БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БЕКОР КАРД
Ҳукумати Эрон низоми раводид ё визаро якбора барои 33 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кардааст. Дар ин бора рӯзи 14 декабри соли 2023 хабаргузории расмии Эрон ИРНО аз қавли Иззатуллоҳ Зарғомӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумии Эрон хабар дод.
Зарғомӣ гуфтааст, бекор кардани раводид бо 33 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо Тоҷикистонро вазорати ӯ пешниҳод кард ва ҳукумат аз он пуштибонӣ кард.
Вазири эронӣ гуфтааст, “акнун сафари шаҳрвандони 33 кишвари олам ба Эрон осон шуд ва онҳо метавонанд бо ҷозибаҳои таърихӣ, табиӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии Эрон аз наздик ошно шаванд”.
Зарғомӣ аз ҷаззобияти Эрон барои сайёҳони хориҷӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки “Эрон бо 27 осори мероси моддии башарият дар ҷои 10-ум ва бо 24 осори ғайримоддии башарият дар ҷои 5-ум қарор дорад”.
Бино ба иттилои ИРНО, 33 кишваре, ки Эрон низоми раводидро бо онҳо ба сурати якҷониба бекор кард, аз 4 қитъаи мухталифи олам буда, 17 кишвараш аз қораи Осиёст.
Хабаргузории ИРНО хабар дод, ки Эрон аз ҷумла визаро бо ин кишварҳо бекор кардааст: Ҳиндустон, Русия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Лубнон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Тунис, Мавритания, Танзания, Зимбабве, Маврикий, Сейшел, Индонезия, Бруней-Доруссалом, Ҷопон, Сингапур, Камбоҷа, Малайзия, Ветнам, Бразилия, Перу, Куба, Мексика, Венесуэла, Босния ва Ҳерзеговина, Сербия, Хорватия ва Белорус.
Хабари азми Тоҷикистону Эрон барои лағви низоми раводид байни ин ду кишвари ҳамзабон моҳи ноябр, дар ҷараёни боздиди расмии раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ аз Душанбе расонаӣ шуд. Дар ҷараёни он сафар Душанбе ва Теҳрон ёддошти тафоҳум дар бораи бекор кардани визаро имзо карданд. Акнун навбати Тоҷикистон аст, ки визааш барои шаҳрвандони Эронро бекор кунад.
Бар асоси он ёддошти имзошуда, виза байни Тоҷикистону Эрон ба хотири рушди муносибатҳои дӯстона миёни мардумони ду кишвар аз байн бурда шуда, баъди иҷрои шудани ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон метавонанд бидуни раводид то 30 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
Сафари бидуни раводид бо мақсадҳои тиҷоратӣ, корӣ, сайёҳӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон иҷозат дода мешавад, аммо шаҳрвандоне, ки аз Тоҷикистон ба Эрон ваё аз Эрон ба Тоҷиктстон барои таҳсил, кор ё бо сафари матбуотӣ меоянд, бояд виза бигиранд.
Нозирони умур бекор шудани низоми раводид байни Тоҷикистону Эронро як намунаи обшавии яхҳо дар равобити ин ду кишвари ҳамзабон баъди чандин соли танишҳое меноманд, ки ин танишҳоро ҳатто ба “ҷанги сард” шабоҳат медоданд.
Ин танишҳо баъди соли 2015 дар заминаи ду ҳодисае ба вуҷуд омад, ки дар равобити Душанбе бо Теҳрон таъсири амиқи, мутаассифона, манфӣ гузошт.
Яке аз ин ҳодисаҳо дар Эрон боздошт шудану бо ҷурми фасод, дақиқтараш барои дуздии миллиардҳо доллару еврои аз фурӯши нафти Эрон бадастомада ба қатл маҳкум шудани Бобаки Занҷонӣ буд. Дар Эрон бар ин буданд, ки беш аз 2 миллиард евро пули нафти ин кишварро Занҷонӣ тавассути бонкҳои Тоҷикистон дуздидаааст ваё дар ҳамин кишвар нигоҳ медорад. Занҷонӣ пеш аз ҳабсаш чандин бор ба Тоҷикистон омада, даҳҳо корхонаву бонку ширкат кушода буд ва дар маросими ифтитоҳи чандеи онҳо, аз ҷумла дар расми гушоиши терминали автобусҳои ширкати “Азия Экспресс” (собиқ автовокзали Душанбе) президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ширкат дошт. Бархе мақомдорони Эрон, аз ҷумла вакилони парлумони он кишвар аз Душанбе даъват мекарданд, ки пулҳои дуздидаи Занҷониро баргардонад. Душанбе дар Тоҷикистон будани пулҳои Занҷонӣ ё тавассути бонкҳои Тоҷикистон обулой шуданашонро рад мекард.
Ҳодисаи дигар дар поёни соли 2015, ҳамагӣ се моҳ баъди аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони ифротию террористӣ шинохта шудану манъи фаъолияти ҳизби оппозитсионии наҳзати исломи Тоҷикистон, ба як анҷумани байналмилалӣ дар Теҳрон даъват шудани раиси фирории ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва ба болои ин, дар ҳошияи он анҷуман дар Теҳрон бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дастфишорӣ кардани Кабирӣ буд, ки ба Душанбе хеле бад расид.
Ин ду ҳодиса ба як таниши ҷиддие дар равобити ду кишвар оғоз гузошт ва ба дараҷае расонд, ки расонаҳои расмӣ ва мансабдорони баландпояи Тоҷикистон он вақтҳо ҳатто аз гирифтани номи Эрон ҳадалимкон худдорӣ мекарданд ва ба ҷои Эрон аз ибораи “кишвари ба ҳама маълум” зиёд истифода мешуд. Тоҷикистон воридоти чанд навъи маҳсулоти эронӣ, ба мисли гӯшти мурғу макарону заъфаронро манъ карда, барои тоҷирони эронӣ мушкилоти зиёд эҷод кард ва дар телевизионҳои Тоҷикистон чандин филми мустанаде нашр шуд, ки дар он Ҷумҳурии исломӣ ба қатли шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пеш бурдани сиёсати душманона нисбат ба Душанбе айбдор мешуд.
Ихтилофи ду кишвари ҳамзабон ба ҳадде расид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари муассис чандин сол монеи ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай пазируфтани Эрон шуд. Ва он ҳам дар ҳоле ки ду муассиси асосии ин созмон: Русия ва Чин хеле мехостанд, ки Эрон зудтар пазируфта шавад ва барои ин болои Душанбе фишор ҳам меоварданд.
Ва аммо чанд таҳаввули ахир баёнгари он аст, ки яхҳои чандсола дар равобити ду кишвари ҳамзабон рӯ ба обшавӣ овардаанд. Душанбе билохира ба узвияти Эрон дар Созмони Шанхай розигӣ дод, моҳи ноябр президенти Эрон Иброҳим Раисро дар Душанбе хуш пазируфтанд ва инак Эрон режими визаро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор кард.