ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ДУ СКУТЕР АЗ ХОНАИ СОКИНИ БӮСТОН ВА 3214 СОМОНИ АЗ КОРТИ “ДУШАНБЕ СИТИ”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 14 декабри соли 2023

Ошкор шудани ҳодисаҳои дуздӣ

32

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми октябри соли 2023, ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакӣ қарор доштанаш, шахси номаълум бо баҳонаи занг задан аз ӯ телефони мобилиашро гирифта, бо тариқи пинҳонӣ аз корти “Душанбе-Сити” 3 ҳазору 214 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Ҳисор, пеш бо моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 суд шудааст, шаби 11-ум ба 12-уми декабри соли 2023, тахминан соати 02:00 бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии марди 44-солаи сокини шаҳри Бӯстон, даромада, аз он ҷо 2-адад дучархаи «Скутер»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошти ҷавони 20-сола барои муомилоти ғайриқонунӣ

146

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Ашт бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир карда шуд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили ҷузвдонаш 20-қуттӣ маводи тарфгарии намуди «Трения» дарёфт ва гирифта шуд.
Нисбати гумонбаршаванда барои оғози парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида шуда истодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button