БОЗ 47 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУШАХХАС КАРДА ШУД

Дар ҷараёни музокироти навбатии марзӣ, ки ах 8 то 14 декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон доир шуд, Тоҷикистону Қирғизистон тавонистанд боз 47 километри 50 метри қитъаҳои баҳсии марзи муштараки байни ин ду кишварро мушаххас кунанд. Дар ин бора рӯзи 14 декабр девони вазирони Қирғизистон хабар дод. Бино ба иттилои расмӣ, тибқи тавофуқ аз 8 то 14 деабр дар Бодканд мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории харитасозӣ (топографӣ) ва гуруҳҳои кории масоили ҳуқуқии ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғистон оид ба таъқин ва аломатгузории марзи ду кишвар баргузор шуд.
“Дар ин мулоқот гуруҳҳои харитасозӣ 47,05 километри марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро мушаххас карданд. Тарафҳо корро ҷиҳати муайян кардани қитъаҳои боқимонда дар мулоқоти оянда, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад, идома хоҳанд дод. Оид ба натиҷаҳои мулоқот протокол ба имзо расид”,– гуфта мешавад дар иттилоия. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки “мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум гузашт”.
Дар бораи инки Тоҷикистону Қирғизистон ин дафъа бар сари кадом қитъаҳои баҳсии марз ба тавофуқ расиданд?, дар иттилоияи расмӣ ягон тафсилот дода нашудааст.
Баъди чандин соли рукуд дар музокироти масоили марз, Душанбе ва Бишкек тавонистанд дар муддати ҳамагӣ дувуним моҳи охир боз 112 километри дигари марзашонро мушаххас кунанд. Ҷонибҳо дар бораи алакай муайян шудани беш аз 90 фоизи хатти марз хабар доданд ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов изҳори умедворӣ кардааст, ки музокироти масоили марзӣ бо Тоҷикистон алакай дар баҳори соли 2024 ба анҷом мерасад.

Ахиран расонаҳои Қирғизистон видеои баёнияҳои роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар бораи натиҷаи мулоқоти навбатиашонро, ки рӯзи 12 декабри соли 2023 дар шаҳри Бодканд доир шуд, нашр карданд.
Саймумин Ятимов изҳор дошт, ки дар ин мулоқот “корҳои ба қадри кофӣ азим анҷом дода шуд ва мо ба масофаи боз беш аз 120 километри дигар пеш рафтем. Мо ин масъалаҳоро усулан ҳал кардем. Аз тӯли умумии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ману Қамчибек Хидиршоевич гуфта метавонем, ки алакай беш аз 90 фоизи марзи давлатӣ муайян карда шудааст. Мо дар ҳақиқат ба ҳалли ин масъалаҳо наздик шудаем”.
Қамчибек Тошиев то имрӯз мушаххас шудани беш аз 90 фоизи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро тасдиқ кард ва афзуд, ки қитъаҳои мушаххасшуда ба зудӣ таъйину аломатгузорӣ хоҳанд шуд.
“Ҳамагӣ чанд қитъаи дигар боқӣ мондааст, ки мо дар марвиди онҳо низ ба зудӣ корро ба анҷом мерасонем. Ин кадом қитъаҳост? Сар карда аз Қайрағоч, Қулунду, Максад, Арқа, Арқа-1, Арқа-2, Жанӣ-Жер ва рафта то Жийделиқ. Гуруҳҳои корӣ ташхиси қитъаҳоро пурра ба анҷом расондааст. Бар илова, мо тӯли марзро дар мавзеъҳои Қара-Бак, Лаккон то нуқтаи баҳамоиии марзи се кишвар ба анҷом расондем. То анҷоми кор пиромуни тамоми марзи давлатӣ ҳамагӣ чанд мулоқоти дигар лозим аст “, – изҳор дошт Тошиев.
Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.
Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар кушта шуда, беш аз 700 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.
Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.
Душанбе ва Бишкек аз аввали моҳи октябри соли 2023 музокироти марзиро фаъол карданд ва дар як муддати кӯтоҳ аз пешрафт дар таъйин ва аломатгузории боз 112 километр аз қитъаҳои баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд.
Дар аввали ҳафтаи равон президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни боздид аз вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд хабар дод, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд. Ҷабборов гуфт, онҳо қасд доштанд, ки ин корро алакай то поёни соли 2023 ба анҷом бирасонанд, вале музокироти марзӣ як каме тӯл кашид.
Ёдовар мешавем, Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъдан роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

