ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

АЗ 16 ТО 22 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ 5 ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ВА ЯК ДОҒИСТОНӢ БАРОИ “НАҚШАИ ҲАМЛА БА БИНОИ ФСБ ДАР МАСКАВ”

Додгоҳи дуюми ҳарбии ҳавзаи ғарбӣ дар шаҳри Маскав рӯзи 14 декабри соли 2023 5 зодаи Тоҷикистон ва як зодаи ҷумҳурии Доғистони Русияро дар омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ ба бинои асосии ФСБ дар майдони Лубянка дар маркази пойтахти Русия гунаҳкор шинохт. Бино ба хулосаи додгоҳ, ин 6 нафар узви созмони террористии дар Русия мамнӯи ДОИШ буда, қасд доштанд, ки рӯзи 1 майи соли 2022 қабулгоҳи  ФСБ-ро тарконда, сипас бо силоҳу граната ба издиҳоми роҳгузарон ва биноҳои атроф ҳамла кунанд.

Додгоҳ Ҳоҷимурод Ҳасаналиев, зодаи Доғистонро ба 19 соли зиндон маҳкум карда, ба 5 зодаи Тоҷикистон вобаста ба нақшашон аз 16 то 22 сол ҳукми зиндони низомаш сангин дод:

  1. Манучеҳр Бӯриев – 22 соли зиндон
  2. Амакбачааш Раҷабалӣ Бӯриев 16 соли зиндон
  3. Абдумалик Самиев 17 соли зиндон
  4. Самандар Тошмуродов – 20 соли зиндон
  5. Абдуқодир Тоирови 23-сола, ки ӯро “маргталаб” меноманд 17 соли зиндон

Бо қарори додгоҳ додгоҳ, аз 4 то 6 соли аввали ҳукмашонро ин 6 нафар бояд дар маҳбаси пӯшида адо кунанд.

Ба гуфтаи адвокатҳо, дар ҷараёни мурофиа 4 нафар аз муттаҳамон аз баёноти дар вақти тафтишот додаи худ даст кашида, танҳо ду нафар ва он ҳам қисман айбномаро ба гардан гирифтанд.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Манучеҳр Бӯриев 25 соли зиндон бо 900 ҳазор рубл ҷарима, барои Тошмуродов 24 сол бо 900 ҳазор рубл ҷарима, барои Ҳасаналиев 20 сол ва ним миллион рубл ҷарима, барои Тоиров ва Самиев 18 сол бо ним миллион рубл ҷарима ва барои Бӯриеви хурдӣ 16 сол бо 500 ҳазор рубл ҷарима талаб карда буд.

Айбдоркунанда гуфт, сабаби чунин ҳукмҳои шадидро талаб карданаш ин аст, ки муттаҳамон ақидатан мехостанд амали террористӣ анҷом бидиҳанд, на аз гумроҳӣ.

Худи муттаҳамон барои шарҳи парванда дастрас нестанд, вале тафтишот мегӯяд, ин нафарон, ки ҳамагӣ аз 19 то 25 сол син доранд, дар Маскав дар сохтмонҳо ё ҳамчун курйер кор мекарданд ва гӯё Абдуқодир Тоиров, ки ҳамагӣ 23 сол дорад, розӣ шудааст, ки нақши ҳамлагари маргталабро иҷро карда, худро дар дохили бинои ФСБ дар маркази Маскав битарконад.

Бино ба фарзияи тафтишот, “аз моҳи март то апрели соли 2022 айбдоршавандагон шуъбаи созмони террористии дар Русия мамнӯи ДОИШро ташкил карда, дар ҳузури ҳамдигарба ин созмон  байъат супурдаанд ва баъди худро дар маркази майдони Лубянка таркондани шаҳидашон бояд ҳамчун талаби асосӣ хуруҷи нирӯҳои Русия аз Сурияро матраҳ мекарданд”.

 ФСБ мегӯяд, афсарони амниятӣ аз ин нақшаи онҳо хабар ёфта, аз пасашон мепоиданд ва моҳи апрели соли 2022, вақте ки онҳо алакай ба анҷоми ҳамла омодагӣ мегирифтанд, ҳамаашро дастгир карданд. Бино ба фарзияи тафтишот, ҳамлагарон қасд доштанд, ки дар қабулгоҳи ФСБ маводи таркандаро мунфаҷир карда, сипас бо автоматҳои Калашников ва гранатаҳо ба роҳгузарон ва биноҳои атроф ҳамла карда, аз Сурия баровардани артиши Русияро талаб кунанд.

Муттаҳами ҳафтум Меҳроб Ҳаитови23-сола баъди боздошташон ба ҳамкорӣ бо мақомот розӣ шуда, ба зидди 6 нафари боқимонда баёнот дод. Ӯ аз ҷумла нақл кардааст, ки баъди байъат супурдан ба ДОИШ барои мулоқоти аъзои гуруҳ манзил омода мекард, макони қабулгоҳи ФСБ-ро мепоид, соатҳои корӣ ва роҳҳои фирор аз он ҷо баъди анҷоми ҳамларо меомӯхт ва ҳамчунин дар сохтани бомба ҳам иштирок карда буд. Вале бо вуҷуди ҳамкориаш бо мақомот, додгоҳи дуюми Ҳавзаи ҳарбии ғарбӣ ҳанӯз рӯзи 12 октябр Ҳаитовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи адвокаташ, Меҳроб Ҳаитов танҳо аз ҳаҷми ҷаримааш, ки 500 ҳазор рубл аст, шикоят бурдааст, зеро гуфтааст, ки тавони пардохти чунин маблағро надорад.

Адвокатҳо қаблан ин парвандаи пурсарусадои “қасди ҳамла ба бинои ФСБ”-ро сиёсишуда номида гуфта буданд, ки дар асл нафарони зери ҳимояти онҳо қурбони амалҳои таҳрикомези кормандони ФСБ шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ бисёре аз парвандаҳо бо иттиҳоми терроризм ба зидди муҳоҷирон дар Русияро зери шубҳа гузошта, мегӯянд, аксари ин парвандаҳо бофтаю сохта буда, кормандони ниҳодҳои амниятии Русия аз ҳисоби муҳоҷирони беҳуқуқ ва беҳимоят мехоҳанд натиҷаҳои худро дар роҳи мубориза бо терроризму ифротгароӣ аз будаш зиёдтар нишон бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button