ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ: БОЗ 120 КМ ПЕШ РАФТЕМ, ТО ИМРӮЗ 90% МАРЗРО АЛАКАЙ МУШАХХАС КАРДЕМ (ВИДЕО)

Расонаҳои Қирғизистон видеои баёнияҳои роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар бораи натиҷаи мулоқоти навбатиашонро, ки рӯзи 12 декабри соли 2023 дар шаҳри Бодканд доир шуд, нашр карданд.

Саймумин Ятимов изҳор дошт, ки дар ин мулоқот “корҳои ба қадри кофӣ азим анҷом дода шуд ва мо ба масофаи боз беш аз 120 километри дигар пеш рафтем. Мо ин масъалаҳоро усулан ҳал кардем. Аз тӯли умумии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ману Қамчибек Хидиршоевич гуфта метавонем, ки алакай беш аз 90 фоизи мархи давлатӣ муайян карда шудааст. Мо дар ҳақиқат ба ҳалли ин масъалаҳо наздик шудаем”.

Ӯ ба аъзои комиссияи байнидавлатӣ барои “корҳои бомуваффақият анҷомшуда” ташаккур гуфт ва афзуд, ки комиссия ба ҳалли масоили асосӣ бо масъулияти том муносибат мекунад ва дастурҳои дақиқи роҳбарои давлатҳои моро иҷро мекунад”.

Қамчибек Тошиев то имрӯз мушаххас шудани беш аз 90 фоизи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро тасдиқ кард ва афзуд, ки қитъаҳои мушаххасшуда ба зудӣ таъйину аломатгузорӣ хоҳанд шуд.

“Ҳамагӣ чанд қитъаи дигар боқӣ мондааст, ки мо дар марвиди онҳо низ ба зудӣ корро ба анҷом мерасонем. Ин кадом қитъаҳост? Сар карда аз Қайрағоч, Қулунду, Максад, Арқа, Арқа-1, Арқа-2, Жанӣ-Жер ва рафта то Жийделиқ. Гуруҳҳои корӣ ташхиси қитъаҳоро пурра ба анҷом расондааст. Бар илова, мо тӯли марзро дар мавзеъҳои Қара-Бак, Лаккон то нуқтаи баҳамоиии марзи се кишвар ба анҷом расондем. То анҷоми кор пиромуни тамоми марзи давлатӣ ҳамагӣ чанд мулоқоти дигар лозим аст “, – изҳор дошт Тошиев. Ӯ низ аъзои комисссия, ҳамчунин Ятимовро барои “хуб кор карданашон” ташаккур гуфт.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Душанбе ва Бишкек аз аввали моҳи октябри соли 2023 музокироти марзиро фаъол карданд ва дар як муддати кӯтоҳ аз пешрафт дар таъйин ва аломатгузории боз 75 километр аз қитъаҳои баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд. Бо ин 120 километри ахир, ки Ятимов дар борааш ҳарф зад, тӯли қитъаҳои марзии дар дувуним моҳи охир мушаххасшуда ба  195 километр мерасад.

Дар аввали ҳафтаи равон президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни боздид аз вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бодканд хабар дод, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд. Ҷабборов гуфт, онҳо қасд доштанд, ки ин корро алакай то поёни соли 2023 ба анҷом бирасонанд, вале музокироти марзӣ як каме тӯл кашид.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъдан роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button