Зафар Шарифзода дар Фейсбук дар бораи сарнавишти як ҷавони тоҷик дар Русия бо номи Орифзода Синоҷон, соли таваллудаш 2000 нақл кард, ки ӯро дар пайи як беақлӣ барои ҳамагӣ 300 рубл феълан барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ андохтаанд.
Бино ба нақли Зафар Шарифзода, Орифзода Синоҷон дар яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли дуюм таҳсил мекард, вале ба сабати пастии сатҳи зиндагӣ маҷбур шуд ба Русия ба мардикорӣ биояд. Синоҷон дар шаҳри Сергиев Посади вилояти Маскав, воқеъ дар ҳамагӣ 70-километрии шимолу шарқи шаҳри Маскав, ба ҳайси кӯчарӯб (дворник) кор мекард.
Дар аввали моҳи декабри соли 2023 Синоҷон аз назди мағоза як корти бонкӣ ёфта, аз беақлӣ бо ин корт аз он мағоза ба маблағи 300 рубл харид кардаастю
Кормандони пулиси Сергиев Посад кӣ будани харидор бо ин корти бонкиро муайян карда, Синоҷонро дастгир кардаанд ва нисбат ба вай парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Додгоҳ бошад то анҷоми тафтиши парванда ҷавони тоҷикро барои 2 моҳ ба ҳабс гирифтааст.
аз назди Магазие картаи бонкие меёбад ва ба он рафта аз магазин дар ҳаҷми 300 рубли русӣ чизе мехарад ва баъди он полиси онҷо дастгираш карда, нисбаташ делои ҷиноятӣ кушоданд ва ҳоло дар СИЗО то моҳи феврал махкам аст.
Маъмулан дуздии чунин маблағи ночизро ҳамчун қонуншикании маъмурӣ арзёбӣ мекунанд ва гунаҳкорро бо ягон ҷарима ҷавоб медиҳанд. Вале ба зидди Синоҷон Орифзода шояд барои бесоҳибиаш бо иттиҳоми дуздии 300 рубл парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Дар моддаи 158 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазор барои дуздӣ ҷарима ба маблағи то 80 ҳазор рубл, корҳои ҳатмӣ ба муҳлати то 360 соат, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то як сол, ҳабс ба муҳлати то 4 моҳ, маҳдуд кардани озодӣ, ё корҳои ислоҳӣ ё ҳатто ҳукми зиндон ба муҳлати то 2 солро муқаррар шудааст.
Зафар Шарифзода тарс дорад, ки Синоҷон Орифзодаро ба сабаби бесоҳибиаш метавонанд барои ҳамагӣ 300 рубл, ки аз беақлӣ ба ин маблағ аз корти бегона харид кардааст, ҷазои сахт бидиҳанд.
“Барои Орифҷон адвокат лозим аст ва барои адвокат гирифтан маблағи калон. Аз сабабе ки маблағ надорад, то ҳол беадвокат аст Синоҷон ва дар ин мулки ғарибӣ низ касе надорад… Агар адвокат нагиранд, муфаттиш нисбаташ чӣ менависад ва суду прокурор чӣ ҳукм мебароранд, ҳеҷ кас намедонад… Дар Тоҷикистон падару модари нафақахӯр дорад ва аз рӯз, ки фарзандашон ба чунин ҳол гирифтор шудааст, ашк мерезанд ва аз дасти онҳо ба ҷуз дуо чизе намеояд”, – менависад Зафар Шарифзода.
Ӯ аз ҳамаи ҳамватанон хостааст, ки вазъияти сахти ин ҷавони тоҷикро дарк кунанд вва барои гирифтани адвокат дасти ёрии худро барояш дареғ надоранд, то ки аз бесоҳибӣ барои ҳамагӣ 300 рубл ҳукми зиндонаш надиҳанд. Чанде пеш як ҷавонзани тоҷикро, ки низ бо корти аз кӯча ёфтааш дар Маскав аз як мағоза ба маблағи 500 рубл харид карда буд, ним сол дар ҳабс нигоҳ дошта, сипас ҷаримаи калонаш баста буданд.
Онҳое ки мехоҳанд ба Синоҷон Орифзода барои гирифтани адвокат кумак кунанд, метавонанд кумаки худро ба ин корти Сбербонк гузаронанд.
СБЕРБАНК
2202 2062 1922 9189
Рақами пайваст:
+79533169107
Мирали А
Рақам барои тамос
+7 995 156-91-07
Аз ҳамаи ҳамватанон хоста шудааст, ки ҳатто агар дастгирии молиявӣ карда натавонанд, дар ҳаққи Орифҷон дуо кунанд ва ин матнро бознашр ва ба дигарон равон кунанд.