ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАРИ ШАБ ВА СУБҲИ 12 ДЕКАБР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаб ва субҳи 12 декабри соли 2023 дар ду садама дар шимол ва ҷануби ҷумҳурӣ се нафар ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла шаби 12-уми декабри соли 2023, тахминан соати 01:15, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-180», Сотиболдиев Алӣ Ҷӯраевич, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе- Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди ҷамоати Яхтани ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «Мерседес-Атего», таҳти идораи ронанда Зиёев Абдумалик Алиевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи Сотиболдиев А.Ҷ. ва мусофираш Қарабоев Зиёвиддин Мусоевич, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Турсунзода, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Субҳи 12-уми декабри соли 2023, тахминан соати 09:30, ронандаи мошини тамғаи “Ҳюндай Аванте”, Тошзода Мухтор Абдусалом, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Бохтар-Душанбе”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, бо вуҷуди номусоид будани боду ҳаво ва боришоти борон қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, бо суръати баланд ҳаракат карда, мошинашро ба чуқурии канори роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири ин мошин Шомудинов Ҷалолуддин Саидҷонович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button