БАХТОВАР ОРИПОВ АЗ ИСТАРАВШАН ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД
Рӯзи 13 декабри соли 2023 дар шаҳри Истаравшан Бахтовар Орипов, зодаи ин минтақа ва афсари нирӯҳои вижаи Русияро ба хок супурданд. Бахтовар Орипов, ки ҳамагӣ 30 сол дошт ва падари ду фарзанд буд, дар ҷанги Украина кушта шуд.
Бахтиёр Насруллоев, адвокати шинохтаи зодаи Истаравшан, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле бо ҳарорат аз ҷанги Русия ба зидди Украина ҳимоят мекунад, бидуни бурдани номи марди кушташударо “додаракам” ном бурда, навишт, ки ӯ “дар чанг бо Украини фашистӣ қаҳрамонона ҳалок шуд”. Бахтиёр Насруллоев иддао кардааст, ки ин зодаи Истаравшан дар Украина “хоки Тоҷикистон, ояндаи миллаташро дар мубориза бо фашизм, миллатгароӣ ва аҳриманхои Ғарб ҳимоя кардааст”.
Бахтиёр Насруллоев дар бораи кай ва дар куҷои Украина дар чӣ шароит кушта шудани марҳум ягон маълумот надодааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дигар сокинони Истаравшан, нафари дар Украина кушташуда Бахтовар Орипов ном дошта, дар саффи артиши Русия хидмат мекардааст. Бахтовар Орипов баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбии нирӯҳои десантӣ дар шаҳри Рязани Русия дар он кишвар монд ва дар ҳайъати нирӯҳои десантии Русия хидмат мекард.
Кай ба Украина бурда шудану дар онҷо кай ва чӣ гуна кушта шудани ин зодаи Тоҷикистон маълум нест. Аз Бахтовар Орипов ду фарзанди хурдсол ятим монд.
Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи 21 моҳи гузашта аз оғози ин ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти ҳарбии махсус” ном мебаранд, аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ шуданд.
Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.
Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.