ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

31 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ҲАВОИ САРД ДАР НИМИ РОҲ ДАРМОНДАНД (ВИДЕО)

Шаби 12 ба 13 декабри соли 2023 кормандони вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон 31 муҳоҷири тоҷикро, ки ба иллати шикастани автобусашон дар шоҳроҳи Остона – Петропавловск дар ҳавои сард дар ними роҳ дармонда буданд, ба макони гарм кӯчонданд.  Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон, ин 31 муҳоҷир, бо шумули 2 кӯдак дар ҳавои сард дар нимашаб дар ҳудуди вилояти Оқмола дар шимоли Қазоқистон дар зери ҳавои сард монда буданд.

Онҳоро ба нуқтаи гарм дар шаҳри Кӯкшетау интиқол дода, бо ғизову чойи гарм ва ҷои хоб таъмин кардаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодда гуфт, муҳоҷирони тоҷик баъди тармими автобусашон ба сафари худ идома хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, рӯзи 9 октябр дар ҳамин шоҳроҳи Остона – Петропавловск наҷотбахшон 28 хориҷӣ: 26 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки автобуси онҳо низ ба иллати сардӣ вайрон шуда буд, аз ҳавои сард ба нуқтаи гарм дар Кӯкшетау кӯчонда буданд.

Субҳи 10 декабр бошад, дар шоҳроҳи воқеъ дар наздикии деҳаи Дружбаи ноҳияи Сол-Илетски вилояти Оренбурги Русия як автобус бо 54 мусофир, бо шумули як ноболиғ, ки аз Маскав ба Тоҷикистон сафар дошт, низ ба иллати вайрон шуданаш дар ними роҳ дармонд. Кормандони ГАИ ва хадамоти роҳ муҳоҷирони тоҷикро ба қаҳвахонаи наздиктарин кӯчонда, сипас ба ронандагон барои дуруст кардани автобус кумак расондаанд ва автобус баъди чанде бо мусофиронаш ба сафари худ ба тарафи Тоҷикистон идома додааст.

Рӯзҳои охир дар Русияву Осиёи Марказӣ сармои қаҳратуне ҳукмфаром шудааст. Дар ҳамон шаҳри Кӯкшетау шабҳо ҳарорати ҳаво то -36 дараҷа поён мефарояд. Департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола аз ҳама хостааст, ки дар сурати дучор шудан ба ягон ҳолати нохуш фавран бо рақами 112 ба онҳо хабар диҳанд.

Ин ҳодисаҳои ахири дар рроҳ ба мушкилот дучор шудани муҳоҷирони тоҷик дар ҳолест, ки ин шабурӯз рӯзҳои авҷи мавсими аз Русия баргаштани муҳоҷирони корист. Ба сабаби гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо, ҳазорон нафар аз муҳоҷирон маҷбуранд, ки бо нақлиёти заминӣ ба Ватан баргарданд. Сафар бо автобус барои онҳо арзонтар тамом мешавад, вале хатарҳои зиёдеро дар роҳ, мисли вайрон шудани автобусу бо ҳар баҳона аз онҳо пул кандани мақомоти маҳаллӣ дар тӯли роҳи тӯлониашонро бо худ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button