АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ЗАДУХӮРДИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР ДАРУНИ ЯК ПАХТАЗОР ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН (ВИДЕО)

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и вилояти Хатлон дар марз бо Афғонистон як қочоқбар кушта шуда, ду шарики ӯ ба тарафи Афғонистон фирор кардаанд. Дар наворҳои фаврии аз маҳалли ҳодиса нашршуда дида мешавад, ки ин даргирии мусаллаҳона  дар ноҳияи Ҷайҳун  дар даруни як замини пахтазор сурат гирифтааст.

Ин задухӯрд рӯзи 30 ноябри соли 2023 сурат гирифтааст, вале хабараш тоза 10 декабр нашр шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, кормандони Кумитаи амният ва нирӯҳои сарҳаддии Тоҷикистон рӯзи 30 ноябр дар минтақаи дидбонгоҳи №5 қисми низомии 0306 отряди сарҳаддии Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун як ҳолати убури ғайриқонунии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон бо мақсади қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби се нашъаҷаллоби мусаллаҳи афғонро ошкор кардаанд. Ҳангоми кӯшиши боздошти марзшиканон даргирии мусаллаҳона рух додааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар ҷараёни задухӯрд яке аз қочоқбарон бо номи Башир валади Аҳмад, ки зоҳиран 37 то 40 сол дорад, “безарар гардонида шуда”, ду шарики дигари ӯ ба самти Афғонистон фирор кардаанд.

Аз ҷои ҳодиса се борхалтаи полиэтиленӣ бо 25 баста ёфт шудааст. Ташхиси анҷомдодаи раёсати мубориза бо маводи мухаддири вилояти Хатлон тасдиқ кард, ки ин бастаҳои ёфтшуда маводи мухаддири навъи ҳашиш буда, вазни умумиашон 20 килоро ташкил медиҳад.

Нисбат ба ин ҳодиса бар асоси моддаҳои 200, қисми 4 (муомилоти миқдори махсусан зиёди маводи мухаддир), 289, қисми 3 (қочоқ), 335, қисми 2 (убури ғайриқонунии марз) ва 195, қисми 2 (ғайриқонунӣ нигоҳ доштану гардондани силоҳ) парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон табдил ёфтааст. Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 2 тонна маводи мухаддир ёфт ва мусодира гардида, садҳо нафарро бо ҷурми қочоқи воситаҳои нашъадор дастгир ва зиндонӣ мекунанд.

Аз ҳудуди 7 ҳазор тоҷикистоние, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, тақрибан чорякаш барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Ҳамин тавр, як бахши бузург аз наздики 11 ҳазор зиндонии маҳбасҳои худи Тоҷикистонро низ қочоқбарон ва фурӯшандагони маводи мухаддир ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button