ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ “МЕРСЕДЕС” ВА “АУДИ” ВА ДУЗДИИ ХӮРОКА АЗ ЯК ХОНА ДАР ФАРХОР
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 12 декабри соли 2023
Ошкор шудани қаллобиҳо вобаста ба хариду фурӯш
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён даромада, 16-уми октябри соли 2020 ҳангоми дар маҳаллаи 33-юми ноҳияи Сино қарор доштанашон мошини тамғаи -ро 198 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, ҳамчун пешпардохт маблағи 88 ҳазор сомониашро дода, ваъда медиҳад, ки боқимонда пули мошинро дар муҳлати 40 шабонарӯз пардохт менамояд.
Боз маротибаи дуюм, 18-уми октябри соли 2020 мошини тамғаи “Ауди”, соли бароришаш 2012-ро ба маблағи 176 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, аз ин маблағ 88 ҳазор сомониро ҳамчун пешпардохт ба ҷабрдида медиҳад ва ваъда медиҳад, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат маблағи боқимондаро бармегардонад.
Аммо гумонбаршаванда маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дуздии маводи хӯрокворӣ аз амборхона
Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза зани 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум шаби 7-ум ба 8-уми декабри соли 2023 бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз дохили амборхона маводи хӯроквориро ба маблағи 6 ҳазору 300 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.