ВидеоИқтисодТоҷикистон

НАРХИ НИРӮИ БАРҚРО ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ 1 ЯНВАР БОЗ БОЛО МЕБАРАНД

Мақомот сарусадоҳои пайдошуда дар бораи аз 1 январи соли 2024 боз боло рафтани нархи нирӯи барқро дар Тоҷикистон тасдиқ карданд. Ҷомӣ Умаров, мушовири мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” рӯзи 12 декабри соли 2023 ба “Азия Плюс” гуфт, аз 1 январ аҳолӣ барои ҳар як киловатт-соат нирӯи барқ 30,75 дирам хоҳанд супурд. То кунун нархи барқ барои аҳолии Тоҷикистон 26,51 дирамро ташкил медод.

Дар умум дар 10 соли охир нархи барқ дар Тоҷикистон қариб 3 маротиба боло бурда шудааст. Боварнокарданист, вале соли 2013 нархи як киловатт барқ дар ҷумҳурӣ барои аҳолӣ ҳамагӣ 11 дирам буд.

Ҷомӣ Умаров гуфт, ки таърифаҳои истифодаи барқ барои дигар категорияҳои истифодабарандагони барқ низ 16 дарсад боло  бурда мешавад. Дар Тоҷикистон 10 категорияи истифодабарандагони барқ вуҷуд дорад, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, дастгоҳҳои обкашӣ, муассисаҳои маорифу тиббӣ, идораҳои буҷавӣ… Чанд корхонаи саноатӣ, ба мисли ТАЛКО ва корхонаи фулузотгудозии марбут ба домоди президент Шамсулло Соҳибов низ ҳастанд, ки нирӯи барқ ба онҳо бо нархҳои пуримтиёз дода мешавад.

Ҷомӣ Умаров гуфтааст, ки қарори ҳукумати Тоҷикистон №546 рӯзи 29-уми ноябри соли 2023 қабул шудааст ва дар асоси он нархи истифодаи нерӯи барқ барои тамоми истифодабарандагон, аз ҷумла сокинон 16 дарсад зиёд мешавад.

Рӯзи 29 ноябр ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон доир шуда буд, вале хадамоти матбуоти президент дар гузориши расмиаш аз он ҷаласа дар бораи қабул шудани қарори боло бурдани нархи барқ чизе нагуфта буд.

Матни қарори №546 то ҳол дар ягон ҷо нашр нашудааст, вале рӯзи 11 декабр дар Фейсбук акси эълони шабакаҳои барқи Истаравшан нашр шуд, ки дар он аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки то 1 январи соли 2024 пули барқи истифодабурдаашонро бисупоранд, вагарна баъди соли нав пули барқашонро бо тарифи нав: 30,75 дирам барои ҳар киловатт ҳисоб карда хоҳад шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳар дафъа беҳбуди вазъи молияии ширкати “Барқи Тоҷик” ва дар оянда беҳтар кардани вазъи таъмини нирӯи барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳоро далели боло бурдани нархи нирӯи барқ ном мебаранд. Вале мутаассифона, вазъи молиявии “Барқи Тоҷик” ҳеҷ нест, ки беҳбуд биёбад, балки баръакс қарзаш аз 32 миллиард сомонӣ, ё 3 миллиард доллар гузаштааст. Вазъи таъмини барқ низ дар Тоҷикистон ҳатто баъди ба кор даровардани ду чархаи нирӯгоҳи Роғун чандон тағйир наёфт ва қарори №546 дар рӯзҳое қабул шуд, ки Тоҷикистон имсол ба шадидтарин лимити барқ рӯбарӯ шудааст ва аксари аҳолии ин кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат барқ мегиранд.

Сокинони норозӣ мақомотро ба он айбдор мекунанд, ки дар ҳоле ки худи кишвар аз камбуди барқ танқисӣ мекашад, онро бебаркаш ба хориҷ, аз ҷумла ба Афғонистон фурӯхта истодаанд. Омори расмӣ низ ҳокии афзоиши содироти нирӯи барқ аз Тоҷикистон аст, вале коршиносон мегӯянд, ин омор ҳаҷми ба маротиб бузургтари барқеро, ки доираҳои фасодзадаи соҳаи барқ дуздида, ба Афғонистон мефурӯшанд, фаро намегирад.

Мояи дигари норозигии сокинон ин аст, ки дар ҳоле ки аҳолӣ дар соли 2023 барои як киловатт барқ 26,51 дирам месупурданд, нархи як киловатти барқ барои ширкати ТАЛКО (корхонаи алюминийи Турсунзода), ки корхонаи саноатист,  ҳамагӣ 15,57 дирам, яъне қариб 11 дирам, ё 40% камтар аз аҳолӣ муқаррар шудааст.То соли 2023 ТАЛКО барои ҳар киловатт ҳамагӣ аз 7 до 11 дирам пардохт мекард.

То соли 2016 нархи барқ дар Тоҷикистон танҳо дар солҳои ҷуфт ва ах соли 2016 ба ин тараф қариб ҳар сол боло бурда мешавад. Дар ин байн танҳо дар  ду соли 2020 ва 2021 ба далели пандемияи коронавирус ҳукумат аз афзоиши нархи барқ худдорӣ варзид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button