ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ СУРГУТ – ХУҶАНД БО ЯК МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ НАҚД (АКС)

Боҷхонаи минтақаи Тюмени Русия рӯзи 12 декабри соли 2023 хабар дод, ки кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Сургут аз бағочи як мусофири парвози Сургут – Хуҷанд 1 миллиону 10 ҳазор рубл пули нақд ёфтаанд. Ин мусофир бо чунин маблағи бузург аз “роҳрави сабз” мегузашт, вале ба даст афтод. Кормандони боҷхона баъди таҳияи протокол 973 ҳазор рубл, муодили 10 ҳазор доллари Амрикоро ба соҳиби пул баргардондаанд, вале 36 ҳазореро, ки меъёр зиёд буд, гирифтаанд.

Игор Галузин, сардори боҷхонаи Сургут дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Ҳангоми ҳисоби пулҳои нақд маълум шуд, ки ин шаҳрванд аз Русия маблағи беш аз 10 ҳазор доллари амрикоиро ба хориҷ бурданӣ будааст. Тибқи қурби расмии Бонки марказии Русия,  ӯ аз ҳаҷми иҷозатдодашуда 36 ҳазор рубл пули бештар бо худ доштааст. Ӯ метавонист ба ин кор роҳ надиҳад. Ин мусофир бояд бо “роҳрави сурх” мешузашт ва дар эъломияи гумрукӣ нишон медод, ки бо худ чӣ қадар пул дорад. Бояд таъкид кунад, ки пур кардани эъломияи гумрукӣ бепул аст ва шаҳрвандон барои пуле, ки бо худ мебаранд, ягон хел боҷу хироҷ намесупоранд”.

Дар робита ба ин ҳолати дар боҷхона эълом накардани пули нақд бар асоси моддаи 16.4 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия парвандаи маъмурӣ кушода, ин парвандаро алакай ба додгоҳ супурдаанд. Моддаи 16,4 барои бидуни эъломия аз марзи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) берун бурдани маблағи аз меъёр бештар ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 50% то ду баробари маблағи ёфтшуда ваё мусодираи ин маблағи ёфтшударо пешбинӣ мекунад.

Ҳукумати Русия дар пайи эъмоли таҳримҳои сангини байнмалмилалӣ баъди ҳамлаи нирӯҳояш ба Украина интиқоли пул ба хориҷи ин кишварро таҳти назорати шадид гирифта, хеле маҳдуд кардааст. Ҳоло ба берун аз Русия баровардани маблағи беш аз 10 ҳазор долларро  комилан манъ кардаанд.

Берун баровардани пули нақд бо рубли русӣ маҳдуд нашудааст, вале дар сурати баровардани маблағи тибқи қурби расмӣ аз 10 ҳазор доллари Амрико бештар бояд соҳиби пул эъломия пур кунад. Дар сурати бо худ бурдани маблағи тибқи қурби расмӣ беш аз 100 ҳазор доллар, шаҳрвандон бояд дар баробари эъломияи ба кормандони боҷхона ҳамчунин санадҳо дар бораи манбаи расмии ин пулҳои бо худ доштаашонро нишон бидиҳанд.

Айни талабот барои асъори хориҷӣ пешбинӣ шуда буд, вале президенти Русия рӯзи марти соли 2022, дар пайи шурӯи ҷанги зидди Украина бо имзои як фармон аз кишвараш баровардани асъори хориҷӣ ба маблағи беш аз 10 ҳазор долларро комилан манъ кард.

Ҳодисаи охир дар ҳоле рух дод, ки ин шабу рӯз авҷи мавсими аз Русия баргаштани муҳоҷирони корист. Бисёре аз онҳо пулҳои бо азоб дар муҳоҷират кор кардаашонро мехоҳанд ба сурати нақд ба Ватан биоранд.  Ба ин далел, аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунем, ки ҳангоми аз Русия баровардани пули нақд хеле эҳтиёт кунанд, то ки пулҳои бо ин қадар азобу машаққат дар мулки ғурбат бадастовардаашон мусодира нашавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button