2 ВИДЕОИ +18: ҚОНУНИ КӮҲ Ё ҶАНГАЛ? ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНА ВА УЗРПУРСИИ ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ МУНОСИБАТ БО ДУХТАРИ ДОҒИСТОНӢ

11 декабри соли 2023 дар Интернет сабти видеоии аз тарафи издиҳоми зодагони ҷумҳурии Доғистони минтақаи Қафқози шимолии Русия латтукӯб шудани як ҷавони зодаи Тоҷикистон нашр шуд. Ин ҷавонро ба муносибат доштан бо як духтари доғистонӣ айбор карда, ҳамакаса мушту лагатборонаш мекунанд.
Дар видео дида мешавад, ки сару рӯи ҷавон ғарқи хун шудааст ва ӯ мегӯяд, ки ягон қасди баду фикри “расидан ба духтари доғистониро надошт”. Ӯ аз издиҳом илтиҷо мекунад, ки пеш аз задан аввал ягон ӯро гӯш кунанд. “Илтиҷо мекунам, охир ҳамаи мо мусулмонем, иҷозат бидиҳед, ки ман гапамро занам!” Вале издиҳом илтиҷои ӯро сарфи назар карда, ин ҷавонро ҳамчунон бераҳмона зери мушту лагат мегиранд.
Аз ин сабт маълум намешавал, ки аз ин ҷавони зодаи Тоҷикистон чӣ тақсире гузаштаву ӯ бо он духтари доғистонӣ чӣ кор кардааст, ки чунин хашми издиҳомро ба бор овардааст? Вале ба дунболи видеои аввал видеои дуюм нашр шуд, ки дар он ин ҷавон аз тамоми мардуми Доғистон барои бо духтари зодаи ин ҷумҳурӣ муносибат доштанаш узр мепурсад.
“Ман дигар ҳеҷ гоҳ чунин иштибоҳро такрор намекунам… Ман аз тамоми халқҳои Доғистон узр мепурсам… Ман ба ҳамаи намояндагони миллатҳои дигар низ машварат медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ ба духтарони доғистонӣ наздик нашаванд ва бо онҳо муносибат накунанд”, – мегӯяд дар пеши видеокамера ин ҷавони зодаи Тоҷикистон. Тавре ба назар мерасад, ӯ ончиро, ки азиятдиҳандагонаш талаб мекунанд, дар пеши видеокамера такрор мекунад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Доғистону Русия ин ҳолати “самосуд”, яъне худсарона ҷазо додани муҳоҷири тоҷик аз сӯи издиҳомро шарҳ надодаанд. Сардори Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки хурду резатарин қонуншиканӣ аз сӯи муҳоҷиронро ба таври фаврӣ зери назорати худ мегирад, низ дар мавриди ин ҳодисаи муҷозоти худсаронаи муҳоҷир аз сӯи издиҳом то ҳол ба даҳон об гирифтааст.
Кай ва дар куҷо сурат гирифтани ин “самосуд” бо қонунҳои кӯҳ ё ҷангал маълум нест. Шахсияти духтари доғистонӣ, ки сабаби ин моҷаро шуд, номаълум боқӣ мемонад. Дар бораи ҷавони зодаи Тоҷикистон ҳамин қадар маълум аст, ки Сӯҳроб ном доштааст.
Ҷумҳурии Доғистон бо 3 миллиону 200 ҳазор аҳолӣ ва пойтахташ, шаҳри Махачқалъа, дар қисмати шарқии минтақаи Қафқози шимолӣ дар соҳили баҳри Каспий (Хазар) ҷойгир шудааст. Халқҳои сокини Доғистон ба мисли Бадахшони Тоҷикистон ба даҳҳо забони мухталиф ҳарф мезананд. Танҳо 14 забони роиҷ дар Доғистон расмулхатти худро дорад ва забонҳои боқимондааш ба сурати шифоҳӣ аз насл ба насл ҳифз карда мешаванд. Ҳоло як забони роиҷ барои муносибату муошират байни халқҳои сокини Доғистон забони русист.
Бо вуҷуди ҳодисаи нангини ахир, бисёриҳо сокинони Доғистонро аз лиҳози менталитет яке аз халқҳои ба тоҷикҳо аз ҳама наздик мешуморанд.

