ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ АЗ ХОНАИ ЯК ЗАН ДАР ПАНҶАКЕНТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 11 декабри соли 2023

Ошкор шудани ҳодисаҳои дуздӣ

14

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳҳои август-октябри соли 2023, бо мақсади дуздӣ ба хонаи истиқоматии зани 52-солаи сокини шаҳри Панҷакент даромада, аз онҷо 1 миллиону 10 ҳазор сомонӣ, 1 ҳазор доллари амрикоӣ ва якчанд адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун аризаи марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми декабри соли 2023, тахминан соатҳои 09:30-дақиқа, ҳангоми дар бозори “Коммунизм”, воқеъ дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи мазкур қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 15 ҳазору 800 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 41-солаи сокини шаҳри Кӯлоб содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани ҳолати қаллобӣ

25Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки тахминан моҳи майи соли 2023, ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш зани 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 96 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳтарин маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда, то ҳол онҳоро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мусодираи 28 800 адад маводи пиротехникӣ

27

Бо назардошти хавфнокӣ ва оқибатҳои нохуш, чун оташангезӣ ва ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан дар Тоҷикистон муомилоти маводи тарфгарӣ манъ карда шуда, ҳамагуна кирдори алоқаманд ба он амали ғайриқонунӣ буда, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад. Аммо ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ чунин кирдорҳои зидиҳуқуқӣ бо баҳонаи дилхушӣ авҷ гирифта, асосан ҷавонону наврасон ба чунин кирдори зиддиқонунӣ даст мезананд, ки ин боиси нигаронӣ аст.28

Бо вуҷуди манъ гардидани воридот, нигоҳдорӣ ва фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дар қаламрави кишвар боз ҳам пайдо мегарданд нафароне, ки бар хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда, ба хотири ба даст овардани даромади муфт даст ба қонуншиканӣ мезананд.
Аз ҷониби кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД 10-уми декабри соли 2023, тахминан сотҳои 20:30 дақиқа, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд Амакиев Қурбоналӣ Иброҳимович, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи маҳаллаи зикршуда бо гумони муомилоти маводи пиротехникӣ боздошт карда шуд.
Ҳангоми кофтуков аз номбурда 48 бастаи маводи пиротехникӣ бо навиштаҷоти “Микки-Маус” маводи тарфгарии навъи “Хлопушка”, ки дар умум 28800 ададро ташкил медиҳад, дарёфт ва гирифта шуд.
Айни ҳол оид ба ин ҳолат маводи зарурӣ тартиб дода шуда, Амакиев Қурбоналӣ Иброҳимович тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ) дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод.
Абдулло Шоҳиён

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button