ВидеоМуҳоҷирон

АВТОБУС БО 54 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ҲАВОИ САРД ДАР ВИЛОЯТИ ОРЕНБУРГ ДАРМОНДААСТ (АКС+ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Оренбурги Русия хабар дод, ки субҳи 11 декабри соли 2023 дар шоҳроҳи воқеъ дар наздикии деҳаи Дружбаи ноҳияи Сол-Илетски ин вилоят як автобус бо 54 мусофир, бо шумули як ноболиғ, ки аз Маскав ба Тоҷикистон сафар дошт, ба иллати вайрон шуданаш дар ними роҳ дармондааст.

“Бо дарназардошти сардии қаҳратуни субҳи имрӯз ва шамоли мисли ях сард, мусофирону ронандагон дар як вазъияти барои саломатӣ хатарнок қарор гирифтанд. Автобуси мусофиркаши дар канори роҳ истодаро ҳангоми дидбонӣ кормандони ГИБДД (собиқ ГАИ) дида, ба сурати билофосила одамонро ба қаҳвахонаи наздиктарин кӯчонданд”, – гуфтаи мешавад дар иттилоияи пулиси вилояти Оренбург.

Кормандони пулис ва хадамоти роҳ ба ронандагон барои дуруст кардани автобус кумак расондаанд ва автобус баъди чанде бо мусофиронаш ба сафари худ идома додааст.

Гуфтанист, ки ин шабу рӯз дар вилояти Оренбург сардии қаҳратуне ҳукмфармост ва ҳарорати ҳаво то -26 дараҷа тибқи ҷадвали Тселсий сард мешавад.

Тавре қаблан хабар расид, наҷотбахшон аз департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола дар шимоли Қазоқистон шаби 9 декабри соли 2023  дар роҳи Остона – Петропавловск 28 хориҷӣ – 26 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки автобусашон ба иллати сардӣ дар ними роҳ дармонда буд, ба як нуқтаи гарм дар шаҳри Кӯкшетау кӯчондаанд.

 Дар видеое, ки маркази матбуоти ин ниҳод нашр кард, Дамир Қодирбоев, масъули идораи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Кӯкшетау гуфт: “Шаҳрвандони хориҷиро шаби 9 декабр, соати 01:00 наҷотбахшон ҳамроҳи дигар ниҳодҳои маҳаллии вилояти Оқмола кӯчонданд. Дар нуқтаи гарм дар Кӯкшетау ҳамаи онҳоро бо ҳуҷраҳои гарм, чойи гарм ва хӯрок таъмин кардем”.

Дар видеои нашршуда Нурия Абдураҳмонова, як зан аз Тоҷикистон нақл кард, ки онҳо аз Ханти Мансийск, шаҳре дар шимоли Русия сафар доштанд, вале ба иллати сардӣ автобусашон дар ними роҳ аз кор баромад.

“Мо се соат дар роҳ мондем. Шукр, ки наҷотбахшон ба кумаки мо расида, моро ба ин макони гарм оварданд ва чою хӯроки гарм ҳам  доданд. Сипос ба онҳо”, – гуфт Абдураҳмонова.

Ин шабу рӯз дар шимоли Қазоқистон сармои қаҳратун ҳукмфармост. Ҳарорати ҳаво дар ҳамин шаҳри Кӯкшетау  рӯзона -26 -29 дараҷа сард шуда, шабона ҳарорат ҳатто то -36 дараҷа сард мешавад. Департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола аз ҳама хостааст, ки дар сурати дучор шудан ба ягон ҳолати нохуш фавран бо рақами 112 ба онҳо хабар диҳанд.

Ин ҳодисаи ахир дар шимоли Тоҷикистон дар рӯзҳои авҷи мавсими аз Русия баргаштани муҳоҷирони корӣ рух дод. Ба сабаби гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо, ҳазорон нафар аз муҳоҷирон маҷбуранд, ки бо нақлиёти заминӣ ба Ватан баргарданд. Сафар бо автобус барои онҳо арзонтар тамом мешавад, вале хатарҳои зиёдеро дар роҳ, мисли вайрон шудани автобусу бо ҳар баҳона аз онҳо пул кандани мақомоти маҳаллӣ дар тӯли роҳи тӯлониашонро бо худ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button