ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳҲодиса

НАҶОТИ 28 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК АЗ САРДИИ ҚАҲРАТУН ДАР ШИМОЛИ ҚАЗОҚИСТОН (ВИДЕО)

Наҷотбахшон аз департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола дар шимоли Қазоқистон шаби 9 декабри соли 2023  дар роҳи Остона – Петропавловск 28 хориҷӣ – 26 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки автобусашон ба иллати сардӣ дар ними роҳ дармонда буд, ба як нуқтаи гарм дар шаҳри Кӯкшетау кӯчондаанд.

 Дар видеое, ки маркази матбуоти ин ниҳод нашр кард, Дамир Қодирбоев, масъули идораи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Кӯкшетау гуфт: “Шаҳрвандони хориҷиро шаби 9 декабр, соати 01:00 наҷотбахшон ҳамроҳи дигар ниҳодҳои маҳаллии вилояти Оқмола кӯчонданд. Дар нуқтаи гарм дар Кӯкшетау ҳамаи онҳоро бо ҳуҷраҳои гарм, чойи гарм ва хӯрок таъмин кардем”.

Дар видеои нашршуда Нурия Абдураҳмонова, як зан аз Тоҷикистон нақл кард, ки онҳо аз Ханти Мансийск, шаҳре дар шимоли Русия сафар доштанд, вале ба иллати сардӣ автобусашон дар ними роҳ аз кор баромад.

“Мо се соат дар роҳ мондем. Шукр, ки наҷотбахшон ба кумаки мо расида, моро ба ин макони гарм оварданд ва чою хӯроки гарм ҳам  доданд. Сипос ба онҳо”, – гуфт Абдураҳмонова.

Ин шабу рӯз дар шимоли Қазоқистон сармои қаҳратун ҳукмфармост. Ҳарорати ҳаво дар ҳамин шаҳри Кӯкшетау  рӯзона -26 -29 дараҷа сард шуда, шабона ҳарорат ҳатто то -36 дараҷа сард мешавад. Департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Оқмола аз ҳама хостааст, ки дар сурати дучор шудан ба ягон ҳолати нохуш фавран бо рақами 112 ба онҳо хабар диҳанд.

Ин ҳодисаи ахир дар шимоли Тоҷикистон дар рӯзҳои авҷи мавсими аз Русия баргаштани муҳоҷирони корӣ рух дод. Ба сабаби гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо, ҳазорон нафар аз муҳоҷирон маҷбуранд, ки бо нақлиёти заминӣ ба Ватан баргарданд. Сафар бо автобус барои онҳо арзонтар тамом мешавад, вале хатарҳои зиёдеро дар роҳ, мисли вайрон шудани автобусу бо ҳар баҳона аз онҳо пул кандани мақомоти маҳаллӣ дар тӯли роҳи тӯлониашонро бо худ дорад.

28 иностранцев спасли в Акмолинской области

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Шабакаи иттилоотии “ал-ҷазира”-и арабӣ 24-соат қазияи Фаластинро дунбол мекунад гуяд:

    Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад, ба ҳоли зиндагӣ сӯзад!
    Фарзандони Рӯдакии бузург дар пайи як луқма нон ба чӣ балоҳо гирифтор мешаванд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button