МАРГИ МОДАР БО ДУ ДУХТАРАШ АЗ ДУДИ АНГИШТ ДАР МАҲАЛЛАИ ХУҶАМБИЁИ ПОЁН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 7 ба 8 декабри соли 2023 дар маҳаллаи Хуҷамбиёи поёни ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе се узви як оила: модари 42-сола ва ду духтари ӯ – солҳои таваллудашон 2002 ва 2020 – аз дуди ангишт ҷон додаанд.
Ин ниҳод дар бораи ин ҳодисаи фоҷиабор тафсилоти дигар надодааст, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳарсе қурбонии ин ҳодисаи нохушро рӯзи 9 декабр ба хок супурдаанд.
Модар бо ду духтараш ҳарсе дар хоб аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Дар аксе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ҷасадҳои алакай сардшудаи модарро бо духтаронаш дар зери кӯрпаҳо дар ҳоле пайдо кардаанд, ки канори ҳам хобида буданд.
Падари ин хонавода дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштааст. Аз се фарзанди ин хонавода танҳо як духтари дигар, ки дар хонаи шавҳараш буд, зинда мондааст.
Ҳар сол дар фасли сармо аз Тоҷикистон дар бораи аз дуди ангишт заҳролуд шудану ба ҳалокат расидани сокинон хабарҳо ба даст мерасанд. Ин ҳодисаҳо асосан дар хонаҳое рух медиҳанд, ки бо ангишт гарм карда мешаванд.
Моҳи январи соли 2023 дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон зану шавҳари ҷавон – Шарифбек Шоеви 26-сола ва ҳамсараш Оишаи Саидқулзода, ки 21 сол дошт, аз дуди ангишт дар ҳаммом ба ҳалокат расиданд.
Дар як ҳодисаи дигар дар вилояти Хатлон дар аввали соли 2023 падар бо писари панҷсолааш аз дуди ангишт ҷон бохтанд.
Шаби 19 ба 20 феврали соли 2023 дар маҳаллаи Тӯхтақули ҷамоати Зумрад дар канори шаҳри Исфара се фарзанди хонаводаи Яҳёхӯҷаевҳо– Марямхон, хонандаи синфи чоруми мактаби №30, бародараш Яҳёхӯҷаев Муҳаммадюсуф, хонандаи синфи шашуми литсейи Исфара ва додари шашсолаи онҳо қурбони заҳролудшавӣ аз дуди ангишт шуданд. Модари онҳоро, ки низ заҳролуд шуда буд, табибон аз марг наҷот доданд.

Чӣ бояд кард, то аз заҳролудӣ аз гази карбон пешгирӣ намуд?
Маъмулан сокинони кишвар баъди қувваи барои гарм кардани хонаҳои худ бештар ба ҳезум ва ангишт рӯ меоранд. Истифодаи ангишт, ки бештар гази карбон ихроҷ мекунад, хатарҳо низ дорад. Инак, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ дар бораи қоидаҳои пешигрӣ аз ин гуна хатарҳо маълумот медиҳад ва тадбирҳои амалӣ дар ин гуна ҳолатҳоро мефаҳмонад.
Гази карбон чист? Гази карбон ғубори ангишт (CO), маҳсули сӯзиши нопурраи ин ё он сӯзишворӣ. Ин газ рангу буй надорад; организмро заҳролуд мекунад. Омехтаҳои газии мухаррикҳои дарунсӯз зиёд гази карбон доранд.
Бояд гуфт, ки бухории сарпӯшида, ки дар дохилаш мавди сӯхти ҳанӯз носӯхта дорад, манбаъи асосии гази карбон аст ва он метавонад хеле номаълум ва ба оҳистагӣ бошандагони хонаро заҳролуд кунад. Гулхан дар сурати нарасидани ҳаво ба гази карбон табдил мешавад ва он аз тариқи қисматҳои пайвастшудаи бухорӣ ба фазои хона ворид мегардад.
Дар ҳоли кашиши сусти дудбаро ва нарасидани ҳаво ноқисии кимиёвии маводи сӯхт ба вуҷуд меояд ва дар натиҷа гази карбон дар дохил захира мешавад. Барои дуруст сӯхтани маводи сӯхти дохили бухорӣ зарур аст, ки таври кофӣ ҳавои тоза дода шавад, бахусус ҳангоми гарм кардани хона бо воситаи ангишт.
Агар дар дохили бухорӣ чанд дона ангишти носӯхта боқӣ монда бошад, хуб аст, ки онро аслан хомӯш кунанд ва ё мунтазир бимонанд, ки он низ пурра бисӯзад. Вақте ангиштҳо хираранг мешаванд ва дар онҳо шуълаи гулхан дида намешавад, метавон баъди даҳ дақиқа сарпӯши бухориро маҳкам кард. Бояд истифодаи бухории гармкардашуда ду соат пеш аз хоб қатъ карда шавад.
ДАР ГАЗИ КАРБОН ВУҶУД НАДОШТАНИ РАНГУ БӮЙ ОНРО ЗИЁДТАР ХАТАРНОК МЕКУНАД.
Сабабҳои заҳролуд шудан ба гази карбон инҳо мебошанд:
- Вайрон кардани қоидаҳои истифодаи дурусти бухорӣ барои гарм кардани хонаҳо (сари вақт маҳкам накардани сарпӯши он, нарасидани ҳавои кофӣ, кашиши сусти дудбаро).
- Нодуруст ба роҳ монда шудани кори бухорӣ ва дудбарои он (тарқишҳо дар бухорӣ, баста шудани дудбаро).
Оксиди карбон бо воситаи шуш ворид мешавад ва бо гемоглобин ба хуни ҷабрдида дохил мешавад, ҳамзамон расидани оксиген ба бофтаҳо ва дигар аъзои баданро масдуд месозад. Аз нарасидани оксиген кори системаи асаб ва мағзи сар вайрон мешавад.
Ёрии аввалин ҳангоми заҳролудшавӣ
Бояд донист, ки барои кумаки аввалия ба ҷабрдида аз гази карбон инсон аввал бояд бехатарии худро таъмин кунад. Ёрии аввал ин расонидани оксиген аст, яъне ҳавои тоза ворид кардан ба хона. Ва баъдан:
- Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бояд баровард.
- Роҳҳои хуруҷи гази карбонро бояд баст. Хонаро тафтиш карда, дару тирезаҳоро боз намуда, аз он бояд хориҷ гашт.
- Агар ҷабрдида аз ҳуш нарафта бошад, ӯро бо ҳавои тоза бояд таъмин намуд. Ҳатман бояд мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват намуд.
- Агар ҷабрдида аз ҳуш рафта бошад, бояд то омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” фавран ӯро нафаси сунъӣ дод.
Ба духтури ёрии таъҷилӣ дар бораи шубҳа аз заҳролудшавӣ бо гази карбон гуфт. Агар ҷабрдидаи гази карбон ба худ омад, вале муддати дурудароз аз ҳуш рафта буд, пас бояд ӯро ҳатман ба бемористон барои табобат интиқол дод.