ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронСиёсат

БОРИ АВВАЛ ЯК ТОҶИК НОМЗАДИАШРО БА ПРЕЗИДЕНТИ АМРИКО ПЕШБАРӢ КАРДААСТ

Дилшод Бурҳонов, ки 42 сол дорад ва зодаи Исфараи Тоҷикистон аст, худро ба сифати номзади мустақил ба президентии Амрико пешбарӣ кардааст. Ҳарчанд интихоботи президентӣ дар Иёлоти Муттаҳида моҳи ноябри соли 2024 доир мешавад, вале аз ҳоло довталабони зиёде корзори худро сар кардаанд. Аз ҷумла муҳоҷири тоҷик ҳуқуқдон Дилшод Бурҳонов, тибқи шиори барномаи пешазинтихоботиаш,  барои он вориди ин корзор шудааст, ки “Амрикоро ба сӯи боз ҳам беҳтар тағйир диҳад”.

Дар барномаи пешазинтихоботиаш Дилшод Бурҳонов аз байн бурдани монополияҳо ва танзими нархи захираҳои табиӣ ва газро талаб гузошта, ҳамчунин бо мақсади беҳтар кардани пуштибонии молиявии мардум хостори 50% боло бурдани сатҳи ҳадди ақали зист шудааст.

Бурҳонов ҳамчунин тарафдори ҳатмӣ гардондани варзиш барои хонандагони мактабҳо ва таблиғи тарзи солими зиндагӣ дар байни ҷавонон буда, дар айни замон мехоҳад, ки таблиғи ҳамҷинсгароӣ (ЛГБТК+) дар мактабҳо қатъ карда шавад. Ӯ ҳамчунин дар ҳудуди худи Амрико нигоҳ доштани пойгоҳҳои ҳарбии ин кишвар, аз тиҷорат пок кардани низоми тиббӣ, ироаи хидматрасониҳои босифаттари тиббӣ ба сокинон ва ироаи кумак ба муътодон, аз ҷумла табобати бепули афроди вобасташуда мебошад.

Албатта, шонси сабти ном шудани Дилшод Бурҳонов чандон зиёд нест. Пеш аз ҳама ба ин далел, ки тибқи қонун, танҳо оне, ки дар Амрико ба дунё омадааст, метавонад президенти Амрико шавад. Бурҳонов дар Исфара ба дунё омада, ҳамагӣ  чанд сол пеш муқими Амрико шудааст. Агар ёдатон бошад, ҳангоми пешбарии Барак Обама ба президентӣ масъалаи гӯё дар берун аз қаламрави Амрико ба дунё омадани ӯ баҳсҳоеро барангехта буд.

Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки ҳарчанд ҳар дафъа ба интихоботи президентии Амрико даҳҳо нафар номзадии худро пешбарӣ мекунанд, ба таври суннатӣ мубориза барои ин мақом байни номзадҳо аз ду ҳизби асосии ҷумҳурихоҳ ва демократ доир мешавад ва маъмулан номзадҳо аз ҳамин ду ҳизб бо навбат президент мешаванд. Президенти кунунии Амрико Ҷо Байден аз ҳизби демократ аст. Президенти қаблӣ Доналд Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳ намояндагӣ мекард ва ҳоло азм дорад, ки дигарбора бо Байден вориди рақобат шуда, ба Кохи Сафед баргардад.

Ба ақидаи Дилшод Бурҳонов, низоми дуҳизбаи сиёсӣ, ки даҳсолаҳо боз дар Амрико вуҷуд дорад, кӯҳна шудааст ва дигар он андешаву ақидаҳои гуногунеро, ки дар кишвар вуҷуд дорад, инъикос намекунад. Мухолифони низоми дуҳизбӣ бар инанд, ки дар фазои сиёсии ҳоким дар Амрикои кунунӣ манфиатҳои ширкатҳои бузург ва лоббистҳо дар мадди аввал қарор доранд,на манфиатҳои сокинони оддӣ.

 “Мардуми зиёде ба хотири наҷот аз ин хафақони кушандаи низоми дуҳизбӣ ҳизби дигари сиёсӣ ва номзадҳои мустақилро пуштибонӣ мекунанд… Ҳарчанд низоми дуҳизбӣ дар тӯли солиён як бахши ҷудоинопазири сиёсати Амрико буд, вале фурсати баррасии алтернативаҳое, ки хостҳо ва тақозоҳои интихобкунандагони имрӯзаро хубтар инъикос кунанд, фаро расидааст.  Дилшод Бурҳонов ба раъйи шумо ниёз дорад, то ки Амрикоро ба сӯи боз ҳам беҳтар тағйир диҳад!”, – гуфта мешавад дар барномаи нахустин тоҷике, ки номзадиашро ба интихоботи президенти Амрико пешбарӣ кардааст.

Дилшод Бурҳонов ҳуқуқдон буда, чанд сол пеш ба Амрико кӯчидааст ва ҳамроҳи зану се фарзандаш дар наздикии шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ мекунад. Ӯ қаблан дар Маскав ба сар мебурд ва муассису раҳбари ширкате бо номи ҶДММ “СиАйЭс-Девелопмент”.  Ин ширкат, ки алакай барҳам хӯрдааст, тибқи оинномааш, дар соҳоте мухталифа аз расондани ёриҳои ҳуқуқӣ ва истихдоми кормандон то таҳқиқи талаботи бозор ва савдои умдаву чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар мағозаҳои махсус ва ҳам “берун аз мағозаву палаткаҳо ва бозорҳо” машғул будааст.

Номи Дилшод Бурҳонов бори аввал вақте дар сархатти хабарҳо қарор гирифт, ки моҳи сентябри соли 2014 дар даромадгоҳи яке аз ошхонаҳои “МакДоналдс” дар Маскав пояш ба як оҳан бархӯрд ва ӯ ҷароҳат бардошт.

Бурҳонов шабакаи “МакДоналдс”-ро ба хунукназарӣ нисбат ба бехатарии муштариёнаш айбдор кард ва ҳамчун товон аз ин ширкат як миллион рубл хост. Додгоҳ дар соли 2015 дар ниҳоят ин баҳсро ба манфиати Бурҳонов ҳал кард, вале ҳаҷми товонро 100 маротиба кам кард ва “МакДоналдс”-ро  муваззаф сохт, ки ба Бурҳонов 10 ҳазор рубл товон бисупорад. Бо қурби соли 2015 ин ҳудуди 200 доллар буд. Худи Дилшод Бурҳонов  он вақт нақл карда буд, ки намояндаи “МакДоналдс” ҳанӯз то ба додгоҳ рафтани ин моҷаро, бо ӯ дар тамос шуда, узр пурсид ва  ҳамчун ҷуброн ба ӯ пешниҳод кард, ки ин ҷанҷолро дар ивази … як хӯроки бепул ҳал кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Номзади мардумӣ ба мақоми президентӣ гуяд:

    Боиси таҳсин аст, офарин!
    Тамоми қолабҳои тоҷикиро шикаста, вориди таърих шуд. Оянда метавон барои курсии шаҳрдорӣ ё иёлатдорӣ гом бардошт. Ҳадди ақал барои фарзандони худаш, ки шояд шаҳрванди амрико бошанд ва дар макотиби амрикоӣ таҳсил менамоянд, “мотиватсия” (таҳрик)-и беназир аст.

  2. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Муншии умумии СММ гуяд:

    Дар ҳайратам, чаро радиои “аюбгул” ба кӯшиши як тоҷикистонӣ дар ИМА назараш нагирифт?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button