ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодиса

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАНИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ БАРОИ АЗОБУ УҚУБАТ ДОДАНИ ДУ КӮДАКАШ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербурги Русия як ҷавонзани 30-сола аз Тоҷикистонро, ки ду писари 6- ва 8-солаи ӯ бо панҷаву ангуштони сӯхта ба кӯдакистон омада буданд, боздошт кард. Бино ба иттилои рӯзи 9 декабри соли 2023 пайдокардаи пойгоҳи маҳаллии хабарии “Фонтанка”, ба зидди ин зан бар асоси моддаи 116 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми латтукӯби фарзандонаш парвандаи ҷиноятӣ кушода, ҷавонзанро феълан боздошт кардаву дар тавқифгоҳ (ИВС) маҳкам кардаанд. Дар муддати се рӯз тафтишот бояд ба додгоҳ ҷиҳати ба ҳабси пешакӣ гирифтани ин зан ё шартан озод карданаш муроҷиат кунад.

Рӯзи 7 декабр ба пулис дар бораи ин зан мудири як кӯдакистони воқеъ дар ноҳияи Кирова дар ҷанубуғарби Санкт-Петербург ариза навиштааст. Мудири кӯдакистон аз қавли мураббия хабар додааст, ки дар панҷаҳову ангуштони ду кӯдак осори сӯхтанро дидааст ва ин кӯдакон гуфтаанд, ки дастони онҳоро модари худашон дар конфоркаи газӣ сӯзондааст.

Пулис ба манзили ин зани 30-сола дар гулгашти Новаторҳо омад. Кӯдаконро бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба беморхона бурданд. Табибон дар ангуштони онҳо осори сӯхтанро ташхис карда, ҳардуро дар беморхона хобондаанд. Модари кӯдакро ба шуъбаи пулис бурданд. Ин зан гуфтааст, ки бо мақсади “тарбия” ангуштони дастони кӯдаконашро як муддат дар рӯи конфоркаи сӯзон нигоҳ доштааст. Ӯро рӯзи аввал баъди бозпурсӣ ҷавоб доданд, вале рӯзи 8 декабр, дар пайи боз кардани парвандаи ҷиноятӣ боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи “Фонтанка”, ин ҷавонзани тоҷик, ки ҳамроҳи фарзандонаш аз соли 2019 дар Петербург зиндагӣ мекунад ва сабти номи қонунӣ дорад, аз сумкааш гум шудани як миқдор пулро фаҳмида, писаронашро, ки яке 6 ва дуюмиаш 8 сол доранд, истинтоқ кардааст. Онҳо эътироф кардаанд, ки пулро гирифта буданд, вале баъд гум карданд. Маълум нест, ки сухан дар бораи чанд рубл меравад, вале зан он рӯз кӯдаконашро тасмашап кардааст.

Рӯзе баъд ин зан фаҳмидааст, ки кӯдаконаш як миқдори пули аз сумкаи ӯ дуздидаашонро дар мағоза харида кардаанд ва қисми боқимондаи пулро писари калонии ӯ ба як духтари ҳамсинфаш додааст. Зани тоҷикистонӣ, ки дар Русия бо азобу машаққати зиёд пул кор мекунад, аз ин ба хашм омада, дастони кӯдаконашро дар рӯи конфоркаи сӯзон нигоҳ доштааст. Ӯ дар бозпурсӣ гуфтааст, ки мехост бо ин кор адаби фарзандонашро бидиҳад ва онҳо бифаҳманд, ки дуздӣ кори хуб нест.

Ин зан дар аввалин бозпурсӣ гуноҳашро эътироф карда, гуфтааст, ки аз кори кардааш сахт пушаймон шудааст. Ӯ гуфтааст, нияти бад надошт, балки мехост фарзандонашро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад, то ки одами бад нашаванд.

Моддаи 116 Кодекси ҷиноятии Русия барои латтукӯб ё содир намудани ҳаракати дигари зӯроварӣ,  ки дарди ҷисмонӣ расонидаанд,  вале боиси оқибатҳои ҷиддбӣ нашудаанд, ҳамчун ҷазо то 360 соат корҳои ҳатмӣ, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то як сол, ё  маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 2 сол, ё то 6 моҳи ҳабс ваё то 2 сол ҳукми зиндонро муқаррар кардааст.

Дар мавриди ҷавонзани тоҷик бо дарназардошти ду фарзанди хурдсол доштанаш шояд кор то ба ҳукми зиндон накашад, вале боздошти ӯ ва шурӯи парванда барои як муддати муайян ӯро аз фарзандонаш ҷудо мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button