ВИДЕО: МУСОДИРАИ 71 КИЛО ҲЕРОИН АЗ БАЙНИ НӮШОБАҲОИ “RC-COLA”
Хадамоти гумруки ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 6 декабри соли 2023 бо нашри як гузориши видеоӣ аз мусодираи 71 кило маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин дар посгоҳи “Фотеҳобод”, калонтарин гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон хабар дод. Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки маводи мухаддирро дар як мошини фура дар байни нӯшобаҳои “RC-Cola” пинҳон карда буданд.
Бино ба иттилои Хадамоти гумрук, 21 ноябри соли 2023, тахминан соати 09:30-и субҳ, дар посгоҳи гумрукии “Фотеҳобод” дар марзи вилояти Суғд бо вилояти Тошканд, ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мошини боркаши тамғаи «Мерседес Бенс Актрос-184», рақами қайди давлатии Русия У180 ЕН 797, бо ядаки тамғаи «Шмитс SKO 24», рақами қайди давлатиаш ТА 3610/77, ки таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бӯриев Меҳровар Ҳокимович, соли таваллудаш 15 майи соли 1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд қарор дошт, аз дохили ин мошин миқдори бузурги воситаҳои нашъадор ёфт шудааст.
“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз пинҳонгоҳи махсуси дохили бордони ин воситаи нақлиёт 65 бастаи полиэтилении рангаш сиёҳ, ки дар дохили он маводи хокамонанди рангашон сафед бо бӯи махсус ҷойгир буд, ёфта, гирифта шуд. Мувофиқи маълумотномаи мутахассис-криминалисти шуъбаи ташхисӣ-криминалистикии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 21 ноябри соли 2023, маводи мусодирашуда маводи нашъадори навъи героин буда, вазни умумии он 71 кг 110 граммро ташкил медиҳад”, – гуфта мешавад дар гузориши Хадамоти гумрук.
Вобаста ба ин ҳолат аз тарафи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд нисбат ба шаҳрванд Бӯриев Меҳровар ва дигар шариконаш бо аломатҳои моддаҳои 200, қисми 4, банди «д» (муомилоти ғайриқонунии миқдори махсусан бузурги маводи мухаддир) ва 289, қисми 3 (қочоқи воситаҳои нашъадор) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯи тобеияти тафтишот ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардид.
Бар асоси қисми чоруми моддаи 200 ба Меҳровар Бӯриев ҳамчун ҷазо аз 12 то 20 соли зиндон ва бар асоси қисми сеюми моддаи 289 аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Хадамоти гумрук таъкид кардааст, ки “бо такя ба имконоти муосир ва истифодаи навтарин хизматрасонӣ назорати гумрукӣ дар ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки амалҳои номатлуб, аз ҷумла қонуншиканиҳо ва роҳҳои қоҷоқ ошкору пешгирӣ шаванд”.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, макони асосии тавлиди ҳероину афюн ва ҳашиш, беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ба як масири асосии қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия, табдил ёфтааст. Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 2 тонна маводи мухаддир ёфт ва мусодира гардида, садҳо нафарро бо ҷурми қочоқи воситаҳои нашъадор дастгир ва зиндонӣ мекунанд.