ВидеоФарҳанг

ЮНЕСКО ҶАШНИ САДАРО НИЗ ҲАМЧУН МЕРОСИ БАШАРИЯТ ЭЪТИРОФ КАРД (ВИДЕО)

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ЮНЕСКО, Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид боз як иди мардуми форсизабон – “Ҷашни Сада”-ро ҳам ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид кард. Ин тасмим рӯзи 6 декабри соли 2023  дар иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки аз рӯзи 4 то 9 декабр дар шаҳри Касане дар кишвари африқоии Ботсвана баргузор мешавад, гирифта шуд. Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.

Ҷашни Сада (форсӣ: جشن سَده‎) — яке аз ҷашнҳои бостонии эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январ, тибқи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд ва мардум дар рӯзи ҷшни Сада бо афрӯхтани гулханҳо пирӯзии рӯшанӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва хайр бар шарро ид мекунанд.

Худи вожаи Сада, бино ба яке аз фарзияҳо, аз адади 100 гирифта шуда, 50 шабу 50 рӯзи боқимонда то иди Наврӯзро дар назар дорад.

  Ҷашни Садаро дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистону Ҳинд, Ӯзбекистон ва дигар манотиқе, ки мардуми форсизабон ба сар мебаранд, ид мекунанд. Дар Тоҷикистон ҷашни Садаро бо фармони президент 30 январ таҷлил мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки ЮНЕСКО, Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид боз ду ҳунари мардуми тоҷик – анъанаи бофтани атласу адрас ва тазҳиб – санъати зарҳалкориро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият шомил кардааст.

Бино ба иттилои вазорат, рӯзи 6 декабри соли 2023 дар иҷлоси Касане  номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Аз он қабл дар ин иҷлос номинаи “Анъанаи бофтани атласу адрас” низ ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид  карда шуд.

Тоҷикистон қаблан муваффақ шуда буд, ки чандин намунаи дигари ҳунарҳои мардуми тоҷик, аз ҷумла оши палов ва санъати дӯхтани чаканро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button