Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУЧАРХАРОНИ 81-СОЛА, ДУЗДИИ “АЙФОН” ВА МУСОДИРАИ 7520 “ХЛОПУШКА” АЗ ДУ НАВРАС

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 7 декабри соли 2023

Ҳалокати дучархарони 81-сола дар ҳодисаи нақлиётӣ

002

5-уми декабри соли 2023, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳамроев Салимҷон Мингбобоевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат ба самти беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дар ҳудуди маҳаллаи 9-ум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ҳайдаров Абдуғанӣ, соли таваллудаш 1942, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, дучархарон Ҳайдаров А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани дуздии “Айфон”

122

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми декабри соли 2023, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел Астра», ки дар кӯчаи Мушфиқии пойтахт беназорат меистод, аз дохилаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 11 Про Макс»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Данғара, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ

407

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Конибодом бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд.

Аз номбурдагон ба миқдори 7 ҳазору 520 дона маводҳои тарфгарии намуди «Трения» дарёфт ва гирифта шудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

12

Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан оғоз карда шудааст, ки ӯ дар давоми соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 22-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи гирифта додани мағоза ва ба соҳибкорӣ машғул шудан, аз ӯ 778 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button