ҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ ХУСУРУ ХУШДОМАН ДАР ДЕВАШТИЧ БАРОИ БА ХУДКУШӢ РАСОНДАНИ КЕЛИН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон 6 декабри соли 2023 аз ошкор шудани як ҳолати ба худкушӣ расондани келини хонавода дар натиҷаи бадрафтории хусуру хушдоманаш хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, ба зидди зан шавҳар: марди 65-сола ва зани 63-сола, ҳарду сокинони ноҳияи Деваштич бар асоси қисми дуюм и моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми ба худкушӣ расондан парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Худи ин зану шавҳар ваё наздикони онҳо барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи мақомот, “гумонбаршавандагон аз соли 2021 то инҷониб нисбати келинашон, зани 33-солаи сокини ҳамон ҷо суханҳои кабеҳ гуфта, мунтазам шаъну шарафашро паст задааанд, ки дар натиҷа ҷабрдида 17-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 11:10-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст”.

ВКД дар бораи ин моҷарои хонаводагӣ, ки бо марги келин анҷомид, тафсилоти дигар надодааст.

Хешовандони он ду гумонбаршаванда, аз ҷумла шавҳари он зане, ки худкушӣ кард,  ва ҳамчунин хешовандони тарафи келин то кунун дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардаанд.

ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бар асоси қисми дуюми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ба хусуру хушдоман барои ба худкушӣ расондани шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар тобеи гунаҳгорон буд, ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳомиёни ҳуқуқи занон чандин сол боз талош доранд, то ҷазоро барои чунин кирдор, ки асосан аз ҷониби шавҳар ё хусуру хушдоман нисбат ба келини хонавода раво дида мешавад, шадидтар кунанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба худкушӣ сабт мешавад. Аксари онҳое, ки қасди ҷони худ мекунанд, занону духтаронанд.

Аз ҷумла ҳар сол даҳҳо келин аз ҷабри шавҳар ва хешу табори шавҳар ба ҷон омада, даст ба худкушӣ мезананд. Вале дар аксари мавридҳо тарафҳо ба хотири фарзандони ятиммондаи зани ҷавонмаргшуда ба муомила розӣ мешаванд ва танҳо шумори ангуштшумори парвандаҳо бо иттиҳоми ба худкушӣ расондан то ба додгоҳ мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button