ВидеоМуҳоҷирон

РЕЙДИ ОМОН ВА ФСБ ВА БОЗДОШТИ 27 ДОНИШҶӮ ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНИИ СЕ ТОҶИКУ ДУ РУС ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШГОҲ ДАР ХАБАРОВСК (ВИДЕО)

Занозании зоҳиран ночизи маишӣ байни се донишҷӯи тоҷик ва ду донишҷӯи рус дар хобгоҳи Донишгоҳи Уқёнуси Ором (Тихоокеанский госуниверситет) дар шаҳри Хабаровск дар минтақаи Шарқи дури Русияро мақомоти тафтишотӣ хеле аз будаш бузург нишон дода, ҳамчун муноқишаи байни миллатҳо қаламдод кардаанд. Ин занозанӣ дар ниҳоят боиси ба ин хобгоҳ фурӯ рехтани нирӯҳои ниқобпӯши ОМОН ва ФСБ, боздошти 27 донишҷӯи хориҷӣ, аксаран тоҷикон, ифтиоҳи парвандаи ҷиноятӣ ба зидди се нафар бо иттиҳоми  авбошӣ дар заминаи адовати қавмӣ ва ин парвандаро зери назорати худ гирифтани раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро муҳоҷирбадбинонаи худ ном бароварда, қариб ҳар як қонуншикании ҳатто хурду резаи муҳоҷиронро зери назорати худ мегирад, шудааст.

Ва мақомоти тафтишотии Хабаровск ҳам барои онки ба раиси худ хуш биоянд, талош доранд, то дар гирди ин муноқишаи маишии байни чанд ҷавон аз паша фил сохта, онро “муноқишаи байни тоҷикҳо ва русҳо” вонамуд кунанд.

Раёсати тафтишоти кишвари Хабаровск ва вилояти мухтори яҳудиён рӯзи 6 декабри соли 2023 хабар дод, ки шуъбаи якуми тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими ин идора дар робита ба занозании донишҷӯён бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия  бо иттиҳоми “авбошӣ дар заминаи бадбинӣ ё адовати миллӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Худи донишҷӯёни тоҷик барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи тафтишот, шоми 28 ноябри соли 2023  дар хобгоҳи Донишгоҳи Уқёнуси Ором  гӯё се донишҷӯи зодаи Тоҷикистон “тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, дар маҳзари ом нисбат ба ду донишҷӯи зодаи Русия муштзӯрӣ кардаанд”.

Сабаби муноқишаи донишҷӯён дар хобгоҳ маълум нест.

Ахиран нирӯҳои ФСБ ва ОМОН дар ин хобгоҳ рейд гузаронда, донишҷӯёни хориҷиро аз ҳуҷраҳояшон берун бароварда, дар роҳравҳо қатор карданд ва ҳамин хел сафкашон бо худ бурданд. Ба эътирофи худи мақомот, дар хобгоҳ 27 донишҷӯ дастгир шуданд. Гуфта мешавад, аксари онҳо аз Тоҷикистонанд.

Аммо раёсати тафтишоти кишвари Хабаровск ин рейдро “ҳаракатҳои мурофиавӣ” номида, гуфтааст, ки дар ҷараёни он “се гумонбаршаванда ошкор гардида, ҳоло дар боздошт қарор доранд ва масъалаи ҳамчун чораи пешгирӣ ба ҳабс гирифтани онҳо дар дасти баррасист”.

Ин идора ҳамчунин таъкид кардааст, ки “ҳаракатҳои тафтишот дар чорчӯби ин парвандаи ҷиноятӣ идома ёфта, ба то куҷо қонунӣ будани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия низ баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд”.

Ин ба маъноест, ки чанде аз донишҷӯёни тоҷикро акнун метавонанд бо баҳонаи вайрон кардани қоидаҳои будубош ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд.

Ин бори аввал нест, ки донишҷӯёни тоҷик дар минтақаи Шарқи дури Русия мавриди рейдҳои ОМОН ва ФСБ қарор мегиранд. Моҳи майи соли 2023 боздошту латтукӯби беш аз 100 донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур боиси он шуд, ки вазорати хориҷаи Тоҷикистон  рӯзи 24 май дар як иқдоми дар равобити Душанбеву Маскав камсобиқае сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро дар робита ба чунин муносибати бераҳмона нисбат ба  донишҷӯёни тоҷик  ба вазорат даъват карда, таъкид кунад, ки “чунин ҳодисаҳо ба рӯҳи муносибатҳои шарокати стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Россия муносиб набуда, метавонанд ба талошҳои ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф зиён расонанд”.

Албатта, вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар иттилоияи расмиаш даъвати сафири Русияро ба вазорат танҳо “вохӯрӣ” номид, вале дар урфи дипломатӣ маъмулан сафири як кишварро дар сурати хеле норозӣ будани тарафи мизбон аз амалҳои ин сафорат ё давлате, ки он намояндагӣ мекунад, ба вазорат даъват мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Зирракии сиёсиро аз даст надиҳед! гуяд:

    Як маслиҳати ғамхорона: барои кишвари кӯчаке мисли Тоҷикистон дар муқобили кишвари бузурге мисли Россия аз ҳама роҳи осону хубе барои изҳори нигаронӣ ва норозигӣ кардан ба чунин рейдҳо: ҳамин рейдҳоро дар телевизионҳои расмии давлатӣ НАМОИШ ДИҲЕД, ҳатто бидуни шарҳу тавзеҳ, бидуни аз худ илова кардан, бисёр не, 5-сония (секунд) намоиш диҳед, ҳатто соати яки шаб, ки ҳама хоб аст. “Муллоҳои ҷодугар”-ро нашармида, бо шарҳу тафсил намоиш медиҳед, муҳоҷирони кориро, ки “агрегат”-и асосии иқтисоди “ланг”-и Тоҷикистон ҳастанд, намоиш намедиҳед?!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button