Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ЮНЕСКО, Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид боз ду ҳунари мардуми тоҷик – анъанаи бофтани атласу адрас ва тазҳиб – санъати зарҳалкориро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият шомил кардааст.
Бино ба иттилои вазора, рӯзи 6 декабри соли 2023 дар иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки аз рӯзи 4 декабр дар Касане дар кишвари африқоии Ботсвана идома дорад, номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Ҳамчунин, хабар додааст вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар иҷлоси Касане номинаи “Анъанаи бофтани атласу адрас” низ ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Дар иҷлоси ЮНЕСКО дар Касане намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд. Ин ҳамоиши байналмилалӣ то 9 декабр идома меёбад.
Тоҷикистон қаблан муваффақ шуда буд, ки чандин намунаи дигари ҳунарҳои мардуми тоҷик, аз ҷумла оши палов ва санъати дӯхтани чаканро ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид кунад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои мизи иҷлос “ҷой” наёфт?