ДАРГУЗАШТИ АМИРШО МИРАЛИЕВ, ЯКЕ АЗ ЧЕҲРАҲОИ КАЛИДИИ ҲУКУМАТИ ИМРӮЗА
Амиршо Миралиев, мушовири собиқи президенти Тоҷикистон дар масоили кадрҳо, раиси собиқи вилояти Хатлон, раҳбари собиқи дастгоҳи президент ва муовини собиқи раиси парлумон рӯзи 6 декабри соли 2023, ҳамагӣ ду ҳафта қабл аз зодрӯзаш, дар синни 77 аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора дар Фейсбук журналист Далер Абдулло хабар дод. Далер Абдулло марҳумро ҳамчун “яке аз ҳамсафони содиқи Пешвои миллат, Ходими барҷастаи давлатӣ, инсони накӯкору нексиришт, қонунмеҳвару бениҳоят масъулиятшинос” тавсиф кардааст.
Бино ба иттилои ӯ, Амиршо Миралиев чанд рӯзи охир бо мақсади табобат дар Туркия қарор дошт. Далер Абдулло дар ин бора, ки оё қалби Амиршо Миралиев дар Туркия аз тапидан бозмондааст ё дар Тоҷикистон?, маълумоте надодааст, вале хабар додааст, ки дар назар аст, ки намози ҷанозаи марҳум рӯзи 7 декабр дар зодгоҳаш, маркази ноҳияи Данғара доир гардад.
Аз Амиршо Миралиев чор фарзанд боқӣ монд.
Амиршо Миралиев 20 декабри соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист (КПСС)-ро дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт Петербург) хатм кардааст.
Дар давраи Шӯравӣ то ба мақоми котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) расида буд. Аз соли 1993 то 2000 мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо буд. Дар интихоботҳои солҳои 1990, 1995 ва 2000 вакили парлумон интихоб шуд.
Аммо дар соли 2001 раиси ҳукумати вилояти Хатлон таъйин шуд ва 5 сол ин пураҳолитарин вилояти Тоҷикистонро роҳбарӣ кард. Соли 2006 ба Душанбе баргашт ва раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъйин шуд. Дар интихоботи порлумонии соли 2010 аз тарафи ҳизби ҳокими халқии демократӣ дигарбора вакили парлумон ва сипас муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.
Дар интихоботи парлумонии соли 2015 Амиршо Миралиев ба далели расидан ба синни нафақа аз сӯи ҳизби ҳоким пешбарӣ нагардид ва бознишаста шуд. Аммо худи ҳамон сол Миралиев аввал раиси Шӯрои мудирони «Соҳибкорбонк» ва баъдан раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон интихоб шуд.