БАРКАНОРИИ СУДЯИ СУДИ ПАНҶ ЗАЙДУЛЛОЗОДА БАРОИ “КИРДОРЕ, КИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРИ СУДЯРО ПАСТ МЕЗАНАД”
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 декабри соли 2023 бо имзои як фармон якбора чор додрас ё судяро аз вазифа озод кард. Аммо агар Табарзода Изатулло Сафар аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Хатлон, Юсуфзода Муҳаммадалӣ Файзалӣ ва Абдулғанизода Абдумонеъ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе “бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” озод карда шуда бошанд, сабаби барканории Зайдуллозода Саидаҳмад Миршариф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар фармони президент “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” гуфта шудааст.
Дар бораи ба чӣ кирдор айбдор шудани ин судяи ҳамакнун собиқ чизе гуфта нашудааст, вале маъмулан ибораи “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” дар фармонҳои президент нисбат ба додрасҳое истифода мешаванд, ки ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, асосан ба гирифтани ришваву пора даст задаанд.
Худи Саидаҳмад Зайдуллозода ва наздиконаш низ барои шарҳи қазия дастрас нестанд.
Номи Зайдуллозода қаблан як дафъа дар соли 2021 дар пайи як ҷанҷол расонаӣ шуда буд. Сомонаи “Фараж” хабар дода буд, ки рӯзи 10 январи соли 2021 дар пайи ба ҳам бархӯрдани мошинҳояшон дар маркази ноҳияи Панҷ судя Саидаҳмад Зайдуллозода ва раиси совхози қароқулпарварии “Панҷ” Абдулҳаев Абдухалил, маъруф ба “Махсуми Халил” занозанӣ кардаанд. Зайдуллозода мегуфт, ки Махсуми Халил ба ӯ барои даст накашиданаш аз баррасии парвандаи баҳси замин байни ду сокини ҷамоати Озодагон хусумат дошт ва ба ин далел, дар пайи ин садама ӯро латтукӯб кард. Махсуми Халил мегуфт, ки хусумате ба судя надорад ва баракс ин судя буд, ки ӯро дашномҳои қабеҳ доду як мушт ба сараш зад ва ӯ дар посух танҳо аз худаш ҳимоят кард. Баъди муддате ҳарду ҷониб хабар доданд, ки оштӣ кардаанд.
Махсуми Халил ба “Фараж” гуфт: “Якҷоя шиштем, маслиҳат кардем. Якдигарфаҳмӣ кардем. Агар сухани Худову расулро гӯш кунем, бояд ҳамдигарро бибахшем. Мо ҳам салому алейк кардем, дасти якдигарро фишурдем ва бо ҳамин ба нофаҳмӣ нуқта гузоштем.”
Саидаҳмад Зайдуллозода низ ихтилофи байни ду мансабдори зодаи як ҷамоати Озодагонро як кори беоқибат номид ва гуфт, ин метавонист боиси ихтилофоти нохуше миёни ду авлод шавад.
“Нишонаҳои он аллакай рӯ зада буданд. Пайвандону наздиконам ва баъзе ашхоси алоҳида дар ин давом борҳо омодагиашонро барои ҷавоб гардонидан ба кирдори ноҷавонмардонаи Абдухалил Абдулҳаев иброз доштанд, аммо ман ҳар замон бо зорию зӯрӣ монеи ин мешудам. Илова бар ин, Абдулҳаев ба аъмоли номуносибаш иқрор шуд ва дар ҳузури раиси ноҳия прокурор ва раиси суд аз ман бахшиш пурсид. Оини ҷавонмардӣ он аст, ки дасти бо умеди бахшиш ба сӯят дарозшударо ноумед нагардонӣ”, – гуфта буд судя Зайдуллозода.
Таъйин ва барканории судяҳо дар Тоҷикистон бо фармонҳои президент сурат мегиранд.
Низоми додгоҳӣ дар ин ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада ба шумор меравад.
Дар Тоҷикистон дар умум беш аз 400 судя кор мекунанд. Дар даҳ соли охир беш аз 30 судяи ҷумҳурӣ бо иттиҳоми “кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мансаб ронда ва бархеаш ҳатто боздошту маҳкум ба зиндон ё ҷаримаи ҳангуфт шудаанд. Аксари онҳо бо ҷурми гирифтани пора ба даст меафтанд, вале мақомот одатан аз шарҳи парвандаҳои додрасҳои бадастафтода худдорӣ мекунанд.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Табарзода Изатулло Сафар аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Хатлон, Юсуфзода Муҳаммадалӣ Файзалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе, Абдулғанизода Абдумонеъ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.
2. Зайдуллозода Саидаҳмад Миршариф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 декабри соли 2023
№654


Барканор карданҳо (увольнение) дар Тоҷикистон ду иллат дорад: ё каси дигаре ба ин курсӣ чашм “ало” кардааст ё шахси барканоршуда зидди “система” (ғайрирасмӣ) ҳарф задааст (чихеле, ки мегӯянд: девор мӯш дорад, мӯш гӯш дорад). Аммо, бо ҳеч ваҷҳ “кирдор” иллат шуда наметавонад, чунки дар Тоҷикистон аз президент сар карда то подабону аробакаш медонанд, ки ин “кирдор” кори маъмулии (обычный) хосу ом аст (Кирдор-риббо, ришваситонӣ, тамаъ, пешниҳоди порра, коррупсия, муомилоти ғайриқонунӣ ва ғайра…).