ВидеоҲодисаҲуқуқи инсонҶомеа

ВИДЕО +18: БОЗДОШТИ ФИРДАВС БО ЛАҚАБИ “ДАВСИК” БАРОИ ШИКАНҶАИ ЯК НОБОЛИҒ БО ЭЛЕКТРОШОКЕР

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, ки бо вокунишҳои фавриаш ба рӯйдодҳои доғи расонаишуда фарқ мекунад, рӯзи 5 декабри соли 2023 аз боздошти Фирдавс Қудратуллозода, мулаққаб ба “Давсик”, бо иттиҳоми латтукӯб ва шиканҷаи як кӯдак хабар дод.

Қарори маълум, рӯзи 2-юми декабри соли 2023, дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки як ҷавони баркамол як ноболиғро бо истифода аз таҷҳизоти барқии электрошокер шиканҷа дода, лату кӯб мекунад. Гуфта мешуд, ки ин одам аз Буниҳисор буда, номаш Фирдавс ва лақабаш “Давсик” аст ва ӯ ин кӯдакро дар яке аз биноҳои маъруф ба “биноҳои зарди Қайроққум” шиканҷа додааст.

Милитсияи Душанбе гуфт: “Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия вобаста ба ин ҳодиса Қудратуллозода Фирдавс Қудратулло, соли таваллудаш 2005, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Буниҳисорак, дастгир гардид. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки писарбачаи ноболиғ Ҷалолов Асрор Қурбонович, соли таваллудаш 2008, истиқоматкунандаи ноҳияи И.Сомонӣ буда, бино бар сабаби он, ки қаблан дар назди дӯстонаш чанд маротиба шаҳрванд Қудратуллозода Фирдавсро дашномҳои қабеҳ додааст, номбурда ӯро дар назди мактаби миёнаи умумии № 70 интизор мешавад. Сипас, ӯро барои суҳбат ба болои боми биноҳои “Қайроққум”-и пойтахт даъват намудааст, ки дар онҷо байни онҳо муноқишаи лафзӣ ба амал омада, дар натиҷа шаҳрванд Қудратуллозода Фирдавс ноболиғ Ҷалолов Асрорро латукӯб намуда, чанд маротиба бо таҷҳизоти барқӣ (электрошокер) ба баданаш задааст”.

Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.

Худи Фирдавс Қудратуллозода ё наздиконаш барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.

Ёдовар мешавем, ки қонунгузории Тоҷикистон барои худсарона ҷазо додан (“самосуд”) ва ҳамин тавр, барои азобу уқубат ва шиканҷа ҷазоҳои сахт муқаррар кардааст.

Аз ҷумла қисми дуюми моддаи 117 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  барои азобу уқубати нафари баръало ноболиғ ё шахсе, ки нотавон будани ӯ барои гунаҳгор аён аст, ҳамчун ҷазо аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button