Додгоҳи ноҳияи Петрогради шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 4 декабри соли 2023 ҳукми ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистон Раҳмиддин Камоловро баровард. Номи Камолов баъди садамаи шаби 2 ба 3 декабр дар ҷазираи Крестовский дар ғарби шаҳри Петербург ба сархатти хабарҳо афтод. Гап сари он буд, ки ба мошини хоксоронаи тамғаи “Киа Рио”, ки ин муҳоҷири тоҷик бо он ғизорасонӣ мекард, мошини гаронбаҳои тамғаи “Майбах”, ки рэпсаро ва шоумени маъруфи руся Баста (Василий Вакуленко) савори он буд, бархӯрд.
Баста бо “Майбах” мошини муҳоҷири тоҷикро аз қафо зад ва табъан гунаҳкори садама ӯ буд. Вале мақомоти Русия ба ҷои таҳқиқи садама, ба тафтиши санадҳои Камолов пардохтанд ва ӯро ба вайрон кардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия айбдор карданд.
Хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои Петербург хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Петроград Раҳмиддин Камоловро бар асоси моддаи 18.8 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия гунаҳкор шинохт. Тибқи маоди парванда, муҳлати будубоши Камолов дар қаламрави Русия ҳанӯз 26 январи соли 2020 ба анҷом расида буд, вале ӯ ғайриқонунӣ қариб 4 соли дигар дар Русия истодааст. Соати дуи шаби 3 декабри соли 2023 ӯро дар назди бинои №20 дар гузаргоҳи Левашов, яъне дар маҳалли ба мошинаш бархӯрдани мошини Баста, ҳамчун “нафаре, ки аз 26 январи соли 2020 аз тарки қаламрави Русия саркашӣ мекард”, дастгир кардаанд.
Худи Камолов барои шарқи қазия дастрас нест, вале бино ба иттилои хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои Петербург, Раҳмиддин Камолов дар додгоҳ гуноҳи худро ба гардан гирифт ва додгоҳ ӯро 5 ҳазор рубл ҷарима баста, ҳукми берун карданаш аз қаламрави Русияро содир кард.
Шаби 2 ба 3 декабри соли 2023 дар ҷазираи Крестовский дар ғарби Петербург дар роҳи ҷанубӣ мошини гаронбаҳои “Maybach”, ки рэпсарои шинохтаи рус Баста (Василий Вакуленко) ба иҷора гирифта буд, дучори садама шуд. Ӯ он шаб аз консерташ, ки дар толори “Газпром Арена” доир шуд, бармегашт. Дар сабти видеокамераҳои назоратӣ дида мешавад, ки мошини Баста ба қисмати қафои мошине, ки пеш аз вай ҳаракат дошт, бархӯрда, аз роҳ берун шуд ва дар даруни тӯдаи барф дармонд. Дар видео дида мешавад, ки ҳарду мошин осеби фаннӣ дидаанд. Гуфта мешавад, дар мошини Баста болинҳои амниятӣ кушода шудаанд ва овозхон ягон осеб нодида, аз мошин баромадааст ва ҷои садамаро пиёда тарк кардааст.
Дар изҳороти худ Баста баъди консерташ дар Петербург аз мухлисони худ изҳори сипос кард ва гуфт, ки аҳволаш хуб аст. Дар консерти Баста, бино ба хабарҳо, 65 ҳазор тамошобин ҷамъ шудааст. “Боз мебинем якдигарро, Питер, боз якҷо суруд мехонем”, — изҳор доштааст Баста.
Баста 20 апрели соли 1980 дар шаҳри Ростови лаби Дон ба дунё омадааст. Ӯ молики бошгоҳи футболи СКА (Ростов) ва яке аз устодон дар озмуни “Голос” дар Шабакаи якуми ТВ Русия аст. Канали ӯ бо номи Gazgolder дар Ютуб қариб 6 миллион обуначӣ дорад ва таронаҳои Баста дар ин ҷо миллионҳо тамошобин ҷамъ меоранд. Баста ҳамчунин гардонандаи ток-шоу таҳти унвони “Вопрос ребром” аст. Ӯ ба ин ҷо чеҳраҳои машҳурро даъват карда, суолҳои нобобашон медиҳад.
Жалкий рэпер мог бы подарить курьеру «майбах», не стал бы чмошником