ҲАЛОКАТИ ПИРАМАРДИ ПИЁДАГАРД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ҲЮНДАЙ-ПОРТЕР” ДАР ШАҲРИТӮС

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 3-юми декабри соли 2023, тахминан соати 18:10, ронандаи мошини тамғаи “Ҳюндай-Портер”, Олимов Нурмуҳаммад Идрисович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритӯс ба самти деҳаи Обшорон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Бобоҷонов Абдуғаффор Абдухалилович, соли таваллудаш 1961, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

