ДАР СУҒД БА ЗИДДИ МУАЛЛИМА БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ХОНАНДАИ СИНФИ 8 ПАРВАНДА КУШОДААНД (ВИДЕО)

Канали “Парвиз ТВ” вокуниши расмии мақомот ба видеои нашршуда дар ин канал дар бораи латтукӯби як хонандаи мактаб аз ҷониби омӯзгорро нашр кард.
Дар посухи додситонии вилояти Суғд чунин гуфта мешавад:
“Вокуниш ба сабти видео оид ба лату кӯби хонандаи мактаб аз ҷониби омӯзгор, ки дар сомонаи шабақаи иҷтимоии “Instagram” санаи 29.11.2023 сол паҳн шудааст.
Ба Шумо маълум менамоем, дар натиҷаи санҷиши дастгоҳи прокуратураи вилояти Суғд муайян шудааст, ки тахминан моҳи апрели соли 2023 омӯзгори фанни забон ва адабиёти узбеки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 57 ноҳияи Б.Ғафуров Эронова М. бинобар аз тарафи хонандаи синфи 8 ҳамин мактаб Қорабеков А. омода набудан ба дарс, охиронро ба назди таҳтаи синф гузошта, ӯҳдадориҳои худро оид ба тарбияи ноболиғ ҳамчун омӯзгор номатлуб иҷро карда, номбурдаро бераҳмона бо дастонаш ба сару рӯяш лату кӯб кардааст.
Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи прокуратураи вилояти Суғд нисбати Эронова М. санаи 04.12.2023 сол бо аломатҳои дар моддаи 174 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.
Моддаи 174 барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару модар ё шахси дигар, ки ин ӯҳдадорӣ ба зиммааш қонунан гузошта шудааст, инчунин аз ҷониби омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 200 то 500д нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол ё бидуни онро пешбинӣ мекунад.
Дар видеои нашршуда дида мешуд, ки як зани омӯзгор, ки бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезад, шогирдашро дар назди тахтаи синф рост карда, бо лаҳни тунд накӯҳиш мекунад ва чанд маротиба ба сару рӯяш шаппотӣ мезанад.
Бисёре аз корбарон чунин шеваи рафтори омӯзгорро ҳамчун амали ғайрипедагогӣ маҳкум карда, аз масъулони вазорати маориф ва илм ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хоста буданд, то ӯро ба ҷавобгарӣ бикашонанд.
Ин бори аввал нест, ки ҳолатҳои ба сари шогирдон даст бардоштани омӯзгорон дар мактабҳои Тоҷикистон расонаӣ мешавад.

