ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗ 24 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУШАХХАС КАРДА ШУД

Аз 29 ноябр то 5 декабри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон  баргузор гардид. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.

Бино ба иттилоияи расмӣ, ҳайъатҳои корӣ ва топографӣ (харитасозӣ) боз 24,01 километри сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа кардаанд.

“Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ  доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъйини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Кирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар бораи ин ки оё дар ин даври музокираҳо дар Бӯстон кадом қитъаҳои баҳсии марзи байни ду кишвар муайян карда шуданд?, дар иттилоия ягон тафсилот дода нашудааст.

Аммо рӯзи 1 декабри соли 2023 дар пайи мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, ки низ дар Бӯстон доир шуд, Ятимов хабар дод, ки бо Тошиев “мо дар ду масъалаи асосӣ ба қарори усулӣ даст ёфтем”.  Ин “ду масъалаи асосӣ” инҳоянд:

  1. Роҳи Ворух – Хоҷаи Аъло
  2. Иншооте, ки др қаламрави кишвари ҳамсоя қарор доранд.

Дар мавриди тасмими бадастомада пиромуни ягони роҳи мошингарди байни ҷамоати Ворух ва Исфара, Ятимов ҷузъиёт надод ва ин роҳро “масъалаи аз ҳама асосӣ” номида, танҳо ҳамин қадар гуфт, ки “мо ин масъаларо алакай амалан ҳалшуда меҳисобем”.

Аммо дар масъалаи дуюм Ятимов тафсилоти бештар дод ва гуфт, ҷонибҳо ба чунин қарор расиданд, ки тамоми иншооте, ки аз Тоҷикистон асту дар қаламрави Қирғизистон қарор дорад, қаламрави Қирғизистон шумурда мешавад, вале Тоҷикистон ба он иншоот ҳаққи дастрасии бемамониат ва доимӣ пайдо хоҳад кард. Айни тасмим дар мавриди иншооти дар дохили Тоҷикистон доштаи Қирғизистон гирифта шудааст.

Ҷонибҳо то ҳол расман рӯйхатти иншоотии дар қаламрави кишварҳои дигар доштаи худро нашр накардаанд, вале қаблан хабарҳое ба даст расида буд, ки дастикам як чоҳи нафти Тоҷикистон дар дохили Қирғизистон мондааст. Ҳамин тавр, Тоҷикистон даъво дошт, ки роҳи ҷамоати Ворух ҳамчун қаламрави Тоҷикистон эътироф шавад. Қирғизистон ҳамин тавр, ба чанд дастгоҳи обкашӣ ва чандин чарогоҳ дар ҳудуди Тоҷикистон даъво дорад.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР ва то моҳи октябри соли 2023, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашуда буд. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Душанбе ва Бишкек аз аввали моҳи октябри соли 2023 музокироти марзиро фаъол карданд ва дар як муддати кӯтоҳ аз мушаххас кардани инак 99 километри қитъаҳои баҳсии марз хабар доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button