ШОҲРУХ ХӮҶАЕВ – ОХИРИН НАФАР АЗ ГУРУҲИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” – ХУДРО ИХТИЁРАН БА МАҚОМОТ СУПУРДААСТ
Шоҳрух Хӯҷаев, охирин нафари фирорӣ аз гуруҳи муташаккилонаи ҷиноӣ ба раҳбарии Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақабҳои “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, ки дар рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев айбдор мешаванд, тақрибан дар аввали моҳи ноябри соли 2023 худаш аз хориҷ ба Тоҷикистон баргашта, ихтиёран ба мақомот таслим шудааст. Дар ин бора рӯзи 4 декабри соли 2023 ҳамдеҳагони Шоҳрух Хӯҷаев аз деҳаи Ғусари ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ дар канори шаҳри Панҷакент ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд.
Тасдиқи ин хабар тавассути манобеи расмӣ муяссар нашудааст, вале ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, Шоҳрух Хӯҷаев қабл аз худро ба мақомот супурданаш бо чанде аз ҳамдеҳагон суҳбат карда ва даст доштанаш дар рабудан ва қатли бонкдори маъруфро гӯё рад кардааст.
“Шоҳрух гуфтааст, медонад, ки ин корро кӣ кард, одамрабоёнро ҳам хуб мешиносад, вале худи ӯ қӯш набуд”, – нақл карданд ҳамсуҳбатони “Бомдод”.
Маълум нест, ки Хӯҷаев, ки ба хориҷи Тоҷикистон фирор карда буд, бо кадом роҳ баргаштааст, вале ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, ӯ як шаб дар деҳа истода, фардояш худро ба мақомоти амниятӣ дар шаҳри Панҷакент таслим кардааст.
Шоҳрух Хӯҷаматович Хӯҷаев, санаи таваллудаш 17 июли соли 1992, бино ба фарзияи тафтишот, субҳи 25 июни соли 2023, як рӯз баъди рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев бо ҳавопаймои Душанбе – Истанбул ба Туркия фирор карда буд. То кунун ӯ ягона нафаре аз одамрабоён буд, ки куҷо ғайб заданаш ҳадди ақал барои матбуот номаълум боқӣ монда буд.
Ҳамдеҳагонаш мегӯянд, “маҳз ба Туркия фирор кардани Шоҳрух Хӯҷаев бесабаб набуд, чунки вай пеш аз ин ҳодиса чандин сол дар Туркия кору зиндагӣ мекард”. Ҳамсуҳбатони “Бомдод” аммо дар бораи инки дар Туркия ӯ ба чӣ коре машғул буд?, изҳори бехабарӣ карданд.
Шоҳрух Хӯҷаев ва “Дилшоди Красавчик” ду нафари охирин аз муттаҳамон дар рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев буданд, ки ба даст афтоданд. Хабари аз Русия овардани “Дилшоди Красавчик” бо аксаш дар аввали моҳи октябр расонаӣ шуд ва баъди чанде сабти бозпурсиҳояш низ нашр шуд.
Ҳоло Додгоҳи олии Тоҷикистон бояд алакай рӯзи шурӯи мурофиаи парвандаи пурсарусадои рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоевро эълон кунад. Додситонии кул қаблан хабар дод, ки рӯзи 18 ноябри соли 2023 бо тасдиқи хулосаи ниҳоии айбдоркунӣ парвандаи 14 муттаҳам дар ин ҷиноятро барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ супурдааст. Додгоҳҳо тибқи қонун бояд дар байни 14 рӯз бо таъйини додрас парвандаро омӯхта, рӯзи шурӯи мурофиаро муайян кунанд.
Бино ба фарзияи тафтишот, одамрабоён дар умум 16 нафар буда, дар рабудан, азобу шиканҷа ва қатли Шуҳрат Исматуллоев 5 нафари онҳо: Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Бахтовар Сафаров иштироки фаъол доштаанд. Ҳамин 5 нафар шоми 23 июни соли 2023 Исматуллоевро аз назди хонааш дар маҳаллаи 8 Март ба мошин бор карда, ба як манзили аз қабл иҷорагирифташуда дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Исматуллоев соати сеи субҳи 24 июн баъди 7 соати шиканҷааш дигар ба ин ҳама азобу уқубат тоб наоварда, ҷон додааст. Одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошин ба дарёи Зарафшон партофта фирор кардаанд. Ҷасади Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯ рӯзи 12 август аз мавзеи Саразми Панҷакент пайдо карда, рӯзи 30 август ба хок супурданд.
То имрӯз аксари одамрабоён дастгир шудаанд. Танҳо сарнавишти Шоҳрух Хӯҷаев маълум нест ва Рустам Ашӯров, ки билофосила баъди куштани Исматуллоев ҳамроҳи Хӯҷаев ба Туркия фирор карда буд, рӯзи 30 июн аз Истанбул ба Кишинёв парвоз кард. Вале ӯро ба марзи Молдова роҳ надоданд ва ӯ пистолети як марзбони молдованро кашида гирифта, ду афсарро парронд ва сипас дар ҷараёни як амалиёти вижа ҷароҳати зиёд бардошта, рӯзи 3 июн дар бемористон ҷон дод.
Тафтишот Дилшод Саидмуродовро роҳбар ва тарроҳи ин ҷиноят мешуморад. Ӯро дар аввали моҳи октябр ба Тоҷикистон истирдод карданд. Дар чанд видеои бозпурсиаш, ки нусхаҳояш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, “Дилшоди Красавчик” баёнот дод, ки аз байн бурдани Исматуллоевро ба онҳо шарики ин бонкдор дар тиҷорати хонасозӣ Қамар Азизов, амакбачаи овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” фармоиш додааст. Ӯ ҳамчунин баёнот дод, ки гӯё Қамар Азизов аз онҳо аз байн бурдани вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабирро ҳам хоста буд ва гӯё гуфтааст, ки “Шералӣ аз Шуҳрат ҳам пули зиёдтар дорад”.
Ба гуфтаи як нафари наздик ба Қамар Азизов, ӯ ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо “Дилшоди Красавчик” даст доштанаш дар рабудани Шуҳрат Исматуллоевро рад карда, туҳмат номидааст.
Панҷ моҳ аст, ки интернети “тоҷикӣ” аз ин ҷиноят мунтаззам гузориш медиҳад, шоҳрух дар ҳолати кома буд, ки қаблан таслим нашуд?