Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР 6 САДАМАИ ДУ РӮЗИ АВВАЛИ ДЕКАБР ДАР РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи аввали моҳи декабр дар 6 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 6 нафар ба ҳалокат расида, 6 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ҷумла шоми 1-уми декабри соли 2023, тахминан соати 18:00, ронандаи мошини тамғаи «Портер», Маҳкамов Хуршед Илҳомович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти давродаври «Ором»-и ноҳияи Б.Ғафуров ба самти автовокзали «Абрешим»-и шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Холбоев Асрор Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Холбоев А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

5 садамаи дигар 2 декабр рух додааст.
Шаби 2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 01:10, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Вита”, Расулов Ҳакимҷон Абдумуталович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Маҳмудов Абдурасул Асрорович, солаи таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Рӯдакиро, ки роҳро аз тарафи рост ба тарафи чап убур мекард, пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Маҳмудов А.А. ба саломатиаш чароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Субҳи 2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 06:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Спринтер», Абдураҳмонов Мирзоҷон Расулович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Хуҷамбердиеви ноҳияи Ашт, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада ба мошини тамғаи «ВАЗ-2106», таҳти идораи ронанда Мадиматов Ҳаит Машраббоевич, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи мазкур, бархӯрдааст.  Дар натиҷа, ронандаи «ВАЗ-2106», Мадиматов Ҳ. ва 2 мусофири мошини мазкур ва ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Абдураҳмонов М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаридаанд. Мусофири дигари мошини тамғаи «ВАЗ-2106» Ҳайдаров Муҳаммад Насибалиевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам субҳи 2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 09:20, ронандаи мошини тамғаи «Фолксваген», Нигматов Сайчо Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи М.Маҳмадалиеви шаҳри Душанбе, аз самти кӯчаи Карин Манн, ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар кӯчаи А.Наҷмидинов бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девор бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири хурдсол Сафияи Шоҳзода, соли таваллудаш 2023, сокини пойтахт, ки дар дасти модараш қарор дошт, бо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ба беморхона дастрас ва бистарӣ гардидааст, вале баъди 30 дақиқа дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 11:30, ронандаи мошини тамғаи “Ҳюндай-Аванте”, Холмуминов Бегиҷон Ҳумбатуллоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Темурмалик ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро дар канори чапи роҳ чаппа намудааст.Дар натиҷа, ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 мусофири мошини мазкур бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Шаби 2-юми декабри соли 2023, тахминан соати 21:40, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс 16 Спринтер», Назаров Даврон Одинаевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Истиқлоли ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мирзоев Абдураҳим Давлатович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагард Мирзоев А.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button