ВидеоМуҳоҷиронСиёсатҲодиса

БОЗ ҲАМ БО ҲАМОН МОДДАИ 307: БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МЕТРОИ ПЕТЕРБУРГ

Рӯзи 2 декабри соли 2023  кормандони пулиси метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки дар истгоҳи метрои “Ломоносовская” навбатдорӣ мекарданд, ҳангоми тафтиши асноди як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон муайян кардаанд, ки ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи федералӣ қарор дода шудааст. Дар Тоҷикистон ба зидди ин ҷавони тоҷик бар асоси моддаи машҳури 307, иловаи 1, қисми дуюм бо иттиҳоми даъватҳои экстремистӣ ё сафед кардани экстремизм тавассути матбуот ё Интернет парвандаи ҷиноятӣ кушода будаанд.

Кормандони пулис ҷавони тоҷикро дастгир карда, ба шуъбаи пулиси №10 дар ноҳияи Нева бурдаанд ва дар онҷо ӯро ба ҳабс гирифта, дар СИЗО ҷой кардаанд. То замони баррасии парвандаи истирдодаш ин ҷавони тоҷик пушти панҷара боқӣ мемонад.

Бино ба хабарҳо, пулиси Петербург алакай ташаббускори ҷустуҷӯи ин ҷавон, яъне мақомоти Тоҷикистонро аз боздошти ин нафари таҳти ҷустуҷӯ хабардор кардааст.

Эҳтимоли инки ӯро ба Тоҷикистон месупоранд, хеле зиёд аст, чунки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар мавриди таъқибу боздошт ва супурдани онҳое, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҷустуҷӯ медиҳанд, бахусус агар иттиҳомоти зидди ин нафар сиёсӣ бошад, ҳамкории тамом нишон медиҳанд ва дар солҳои охир даҳҳо нафари таҳти ҷустуҷӯ, аз ҷумла шахсиятҳои машҳурро дар қаламрави худ дастгир карда, ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

Тафсилоти парвандаи ин ҷавони дар метрои Петербург бадастафтода дастрас нест ва маълум нест, ки ӯро дар Тоҷикистон мушаххасан ба чӣ айбдор мекунанд? Оё ӯ дар воқеъ узви ягон гуруҳи ифротӣ буд ваё мисли даҳҳо мавриди дигари ҳамсон ӯ ҳам барои ягон шарҳ ё лайк гузоштан дар зери видеоҳои мухолифин таҳти таъқиб қарор гирифтааст?

Ба ин ҷавон дар Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 1 барои даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм  бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет, ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Моддаи 307, ки дар солҳои охир 4 “бача” кард, яъне 4 иловаи дигар ба он афзуда шуд, нафақат барои таъқиби пайравони гуруҳҳои дар ҳақиқат ифротӣ ва пешгирӣ аз ифротгароӣ, балки дар солҳои охир бештар барои таъқиби мунтақидон ва мухолифони ҳукумати кунунӣ истифода мешавад.  Ба ин далел, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аксари афроди дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307 маҳкумшударо маҳбусони сиёсӣ мешуморанд ва аз мақомоти Тоҷикистон озодии ҳамаи маҳбусони ноодилона маҳкумшуда, аз ҷумла маҳкумшудагон бо моддаи 307-ро талаб доранд.

Дар вақтҳои охир дар Тоҷикистон мақомот нафақат барои лайку шарҳ гузоштан дар зери видеоҳои мухолифин, балки ҳатто барои тамошои барномаҳо ва сар задан ба сомонаҳое, ки аз ҳукумат танқид мекунанд, бо ҳамин моддаи 307 парвандаҳои ҷиноятӣ мекушоянд. Аксари ин парвандаҳо барои тамошо, ё шарҳу лайк дар зери барномаҳои канали “Ислоҳ”-и Муҳаммадиқболи Садриддин кушода шудаанд. Бо ҷурми ба ин мунтақиди сарсахти ҳукумат расондани хабарҳо дар Тоҷикистон чандин нафар, аз ҷумла тақрибан 10 мансабдори давлатӣ маҳкум ба зиндон ҳам шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button