Хабарҳои кӯтоҳ

БАРОДАРИ ДУГОНИКАШРО КОРД ЗАДАНИ СОКИНИ ДУШАНБЕ, ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВОИ ХУРД ДАР ИСФАРА ВА ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 80 ҲАЗОР ДОЛЛАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 4 декабри соли 2023

Расонидани зарари ҷисмонӣ ба бародар

005

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби нофаҳмӣ бо бародараш, марди 48-сола муноқиша намуда, нисбати якдигар дашномҳои қабеҳ гуфта, ҳамдигарро зери лату кӯб қарор додаанд.
Сипас, гумонбаршаванда бо корд як маротиба ба шиками бародараш задааст, ки дар натиҷа номбурда зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани дуздии чорвои майдаи шохдор

511

Ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара бо ариза зани 61-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 20 ба 21-уми ноябри соли 2023, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз оғилхонааш 4 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 43 ва 36-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Бо роҳи қаллобӣ гирифтани 80 ҳазор доллари амрикоӣ

01

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи зани 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи сентябри соли 2023, зани 43-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 80 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз шаҳри Бурсаи Ҷумҳурии Туркия як хонаи сехуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Содир шудани қаллобиҳо бо истифода аз боварии шаҳрвандон

03

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 53-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 17-уми ноябри соли 2023, марди 52-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 9 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки аз ҳудуди шаҳри Ваҳдат замини наздиҳавлигӣ гирифта медиҳад, аммо номбурда то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро барнагардонидааст.

Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2023, марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худро ҳамчун тоҷир муаррифӣ намуда, аз ӯ маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи 93 ҳазору 300 сомонӣ гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 38-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ворид гардидааст, ки 29-уми июли соли 2023, ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт қарор доштанаш зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button