Ҳуқуқи инсонҶомеа

АЗ ШАРҚИ ДУР ОВАРДА, БА ХИДМАТ БУРДАНД… ҚИССАИ “ОБЛАВА”-И ШАБИСТАР НИЁЗОВ ВА БА ҚАВЛАШ НАИСТОДАНИ РАИС

Наздикони як ҷавони ба артиш даъватшуда аз деҳаи Майдончаи ҷамоати Моғиёни Панҷакент мегӯянд, раиси ҷамоат Шабистар Ниёзов, соли таваллудаш 2000-ро аз Русия баргардонда, ба артиш фиристоданд, вале  ба қавле, ки ба падари модари  ин ҷавон дода буд, вафо накард.

Худи раиси ҷамоати Моғиён Икром Сатторов дар ин бора изҳори назар накардааст, вале наздикони Шабистар Ниёзов ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳодисаро чунин нақл карданд:

Рӯзи 15 ноябри соли 2023 раиси ҷамоат ва зердастонаш Сулаймон Ниёзов, сокини деҳаи Майдонча ва падари Шабистар Ниёзовро дастгир ва дар бинои ҷамоат маҳкам кардаанд. Аз ӯ талаб кардаанд, ки писарашро аз Русия биорад ва ба хидмати ҳарбӣ фиристад. Сулаймон Ниёзов гуфтааст, ки писари дигарам, соли таваллудаш 1997, ҳамагӣ як сол пеш аз хидмат омад. Дар байн каме фурсат диҳед, инаш ҳам меравад.

Аммо масъулони ҷамоат ба талаби худ пойфишорӣ мекунанд ва Сулаймон Ниёзов маҷбур шабро дар бинои ҷамоат рӯз мекунад. Ин дар ҳолест ки маъмурияти ҷамоат ҳаққи боздошти шаҳрвандонро надорад ва чунин амал аз ҷониби он боздошти худсарона шумурда мешавад.

Сулаймон Ниёзов дар боздошт маҷбур шудааст, ки ба писараш Шабистар Ниёзов, ки як сол боз дар шаҳри Благовешенск, маркази вилояти Амур дар минтақаи Шарқи дури Русия, дар фосилаи чоррӯза роҳ, ё беш аз 7200 километр аз Панҷакент мардикорӣ мекард, занг бизанад ва ӯро аз аҳволе, ки ба сараш оварданд, хабардор кунад.

Шабистар Ниёзов аз боздошти падараш ба нанг омада, барои бозгашт ба  Тоҷикистону рафтан ба хидмати ҳарбӣ изҳори омодагӣ мекунад. Вале мегӯяд, ки маошашро то ҳол нагирифтааст ва пул барои харидани чиптаи бозгашт надорад.

Раиси ҷамоати Моғиён Икром Сатторов розӣ шудааст, ки барои Шабистар Ниёзов худаш чипта бихарад. Ва дар ҳақиқат раиси ҷамоат барои рӯзи 25 ноябр барои Шабистар, азбаски аз Благовешенск то Тоҷикистон парвози мустақим набуд, чиптаи парвоз аз Благовешенск то  Тошкандро харидааст.

Тарафҳо (раиси ҷамоат аз як сӯ ва Шабистару падару модараш аз тарафи дигар) тавофуқ мекунанд, ки азбаски Шабистар як сол боз падару модарашро надида буд, ӯро аввал ба деҳа меоранд, то ягон рӯз бо падару модараш биистаду аз дидори онҳо сер шавад ва сипас ба хидмат биравад.

Аммо, мегӯянд наздикони ин ҷавон, раиси ҷамоат ба қавли худ вафо накард. Шабистарро дар фурудгоҳи Тошканд одамони раиси ҷамоат пешвоз гирифта, аз марзи Тоҷикистон гузарондаанд, вале ба ҷои ба деҳа бурдан ӯро рост ба комиссариати ҳарбӣ ва аз он ҷо ба хидмат бурдаанд.

Бо гузашти беш аз як ҳафта падару модару Шабистар то ҳол намедонанд, ки писарашонро барои хидмат ба кадом қисми ҳарбӣ бурдаанд. Онҳо аз раиси ҷамоати Моғиён Икром Сатторов норозианд, ки бадқавлӣ кард ва писарашонро аввал ба пеши онҳо наовард, ки аз дидораш ақалан як муддат сер шаванд.

Сабаби ба қавлаш вафо накардани раиси ҷамоат ҳанӯз маълум нест.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон расман рӯзи 30 ноябр ба поён расид. Вале бино ба хабарҳо, мақомот то ҳол дар фурудгоҳҳо ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳоеро, ки нақшаи даъватро иҷро накардаанд, “шикор” карда истодаанд. Аз ҷумла дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҷавонони синну соли даъватиро, ки аз шаҳри Ваҳдатанд, дошта, ба масъулони комиссариати ҳарбии ин шаҳр месупоранд. Гуфта мешавад, Ваҳдат нақшаи даъватро иҷро накардааст ва ба ин далел, ба сарбозгирӣ идома дода истодаанд.

Бо вуҷуди хатми мавсими тирамоҳии даъват, вазорати мудофиа то ҳол аз ин маъракаи натиҷагирӣ накардааст. Охирин ҳисоботи ин вазорат аз 31 октябр буд, ки мегуфт, дар як моҳи аввали мавсими даъвати тирамоҳӣ нақшаи даъват 75% иҷро шуд. Дар давоми моҳи ноябр вазорати мудофиа дигар ягон дафъа дар бораи рафти даъват ба саффи артиш ҳисобот надод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button