БОЗДОШТИ РОНАНДАИ “ЛЕКСУС” БО РАҚАМҲОИ “КРУТОЙ”-И 11 11 БАРОИ “БУҚАГӢ” (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 3 декабри соли 2023 хабар дод, ки ронандаи як мошини “Лексус” бо рақамҳои пурвоҳимаи 11 11 барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ дастгир шудааст. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки чӣ гуна ронандаи як мошини “Лексус” дар яке аз кӯчаҳои пойтахт дидаю дониста пеши роҳи мошинҳои дигарро мегирад ва намегузорад, ки ягон мошин аз вай пеш гузарад.
Маркази матбуоти милитсияи Душанбе бо нашри чанд акс хабар дод, ки дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи мошини тамғаи “Лексус”, рақамҳои қайди давлатиаш 11 11 OE 03, шаҳрванд Ахмедов Боирҷон Маҳкамович, санаи таваллудаш 02.06.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе боздошт карда шуд.
“Чуноне аз навори нашргардида ва зимни санҷиш муайян гардид, ронандаи мазкур зимни ҳаракат дар кӯчаи Неъмат Қарабоев аз ҳиссиёти худнамоӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, дар баробари ба ҳаракати воситаи нақлиёти мусофирбар монеа эҷод намудан, ҳамзамон ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст”, – гуфта мешавад дар иттилоия.
“Воқеан ин амали номбурда беэҳтиромӣ нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба шумор рафта, аз ҷониби шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, мавриди вокунишҳои манфӣ қарор гирифт”, – меафзояд милитсия пойтахт.
Айни замон мошини “Лексус” бо рақамҳри “крутой” ба ҷаримагоҳи муваққатии шӯъбаи БДА милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, нисбат ба ронанда – Ахмедов Боирҷон тибқи талаботи моддаи 326 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ин банди қонун барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ, аз ҷумла барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро ногаҳон ба тағйир додани суръат, самти ҳаракат ё андешидани дигар чораҳо барои таъмини бехатарии худ ё дигарон маҷбур намуда, ба пайдоиши ҳолати садамавӣ мусоидат менамояд, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 204 то 340 сомонӣ)-ро таъйин кардааст.




Ватанам ох ватанам ох ватанам………………………………………………………..