ЗАНОЗАНӢ ДАР СОАТИ СЕИ ШАБ БАЙНИ ПИСАРИ ШЕРАЛӢ ГУЛ ВА ПИСАРИ СОҲИБИ БОЗОРИ “ҶАЛ-ҶАМ”
Радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои “Озодӣ”)
Дар занозание миёни Алишер Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетика ва Шердил Сироҷов, писари соҳибкор ва молики бозори собиқи “Ҷал-Ҷам” панҷ нафар аз ду тараф маҷрӯҳ шудаанд.Ҳодиса тақрибан соати 3-и субҳи 30-уми ноябр дар маркази дилхушии “Бухоро Палас” дар Душанбе рух додааст.
Ду манбаи радиои зану шавҳар Аюбовҳо дар мақомоти интизомии Душанбе рӯзи 1-уми декабр гуфтанд, ки ҳарду тараф сархуш будаанд ва ҳанӯз маълум нест, ки занозанӣ бо айби кӣ оғоз шудааст.
“Ҳодисаро ШВКД–и Исмоили Сомонӣ таҳқиқ дорад ва эҳтимол бо дахолати тарафҳо, ки соҳибнуфузанд, он дуруст таҳқиқ нашавад,”—гуфт як манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад.
Ба гуфтаи манобеъ, чор тан аз захмиён, ки ду тан аз дӯстони Алишер Гулов ва Шердил Сироҷов бо як рафиқаш будааст, ба бемористони Қарияи Болои Душанбе интиқол ёфтаанд. Ду ҷониб дар занозанӣ аз корду оҳан истифода бурдаанд.
Манобеъ гуфтанд, ки Алишер Гулов корманди Қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон будааст.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ надоданд.
Шердил Сироҷов, ки дар бемористони Қарияи Боло бистарист, рӯзи 1-юми декабр ҳодисаро тасдиқ кард, вале гуфт, гуноҳ надорад. “Рафта камераҳоро бинед, айби онҳо шудааст, агар камераҳоро бинед, худатон ҳамаашро мефаҳмед. Мо ду кас будем, онҳо 12-13 нафар,”—гуфт ӯ.
Шердил Сироҷов дар бораи сабабҳои эҳтимолии занозанӣ гуфт, Алишер Гулов “нисбати ман хусумат дошт, барои ҳамин бисёрӣ шуда, моро заданд.”
Шердил Сироҷов аз суҳбати бештар худдорӣ кард ва ҷузъиётро шарҳ надод. Наздикони ӯ гуфтанд, “ҳеч даъвое надоранд.”
Талошҳо барои тамос бо хонаводаи Алишер Гулов натиҷа надод. Ба зангҳои хабарнигорон падар ва модари ӯ ҷавоб надоданд.
Шоҳидон гуфтанд, ки субҳи 30-уми ноябр дар назди “Бухоро Палас” кормандони пулисро дидаанд. Оҳанҳои зинапояи даромадгоҳи ин бино шикаста буд.
Як пизишки Қарияи Боло бидуни зикри номаш гуфт, субҳи 30-уми ноябр Шердил ва дӯсташ Мирсаидро бо захмҳо дар ноҳияи сару танашон ба инҷо оварда буданд.
Борҳо бо иштироки писарони Шералӣ Гул, мансабдори собиқ ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон занозаниҳо рух додаанд. Диловар Гулов, писари дигари ӯ дар панҷ соли ахир дастикам се бор бо иттиҳоми “авбошӣ” боздошт шуда буд, вале бо ҷарима ё ҷазои сабук раҳо гаштааст. Наздиконаш ҳамеша ӯро бегуноҳ медонистанд.
Пулиси Душанбе, ки аз оддитарин ҳуқуқвайронкунӣ дар шаҳр хабар медиҳад, ҷанҷоли писарони мансабдорон ва афроди бонуфузро шарҳ намедиҳад.
Полиси Душанбе, ки оддитарин ва кӯчактарин ҳуқуқвайронкунӣ дар пойтахтро нашр мекунад, қонуншикании писарони мансабдору соҳибнуфӯзро дар ихтиёри радиои “озодӣ” (аюбовҳо) мегузорад, чаро?
“Озодӣ” дар навбати худ ҳазор нафари гумномро “манбаъ” қарор дода, бо шарти зикр нашудани номашон, хабари аз мақомот гирифтаро нашр мекунад.
Ҳеч расонаеро дар дунё надидем, ки ин қадар “манбаъҳо”-яшро пинҳон нигаҳ дорад.
Хулосаи калом ин, ки “озодӣ” бо мақомот ТАНГОТАНГ ҳамкору ҳамгому ҳамоҳанг аст, радиои мустақил нест!
Дар рӯзи конститутсия (6-ноябр) радиои озодӣ метавонист як мавзӯъи КАЛОН ихтисос дода, кулли банду басти конститутсияро ба чолиш бикашад, лекин гӯё, ки конститутсияи Тоҷикистон ҳеч айбе, нуқсе, камбуде, тағйиру иловаҳои худхоҳона надорад?!!
Магар ваколати радиои озодӣ ин нест, ки мардумро аз асорати фазои диктаторӣ озод карда, ба сӯйи як низоми муътадили қонунӣ ташвиқ намояд? Ин ҳадди ақал коре, ки радиои озодӣ ё ҳар расонаи мустақил анҷом дода метавонад.