Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои нахустин садамаи электромобил дар Тоҷикистон нашр шуда буд. Ва, инак, рӯзи 1 декабри соли 2023 маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани нахустин мавриди қаллобӣ ҳангоми харидуфурӯши мошини барқӣ хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, марди 45-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба шуъбаи дуюми милитсияи ин ноҳия бо ариза муроҷиат карда, даъво кардааст, ки 17-уми майи соли 2023, марди 36-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад мошини барқии тамғаи “Марвел”-ро ба маблағи 475 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати 45 шабонарӯз бармегардонад, аммо бо гузашти беш аз ним сол то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
ВКД дар бораи ин муомила тафсилоти дигар надод ва танҳо гуфт, тафтиши ҳодиса идома дорад.
Аммо ин нахустин мавриди расонаишудаи қаллобӣ ҳангоми харидуфурӯши электромобил дар ҳолест, ки солҳои охир воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон бо суръат меафзояд.
Қаблан хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба омори расмии Хадамоти гумрук хабар дод, ки аз аввали соли 2021 ба ин сӯ ба Тоҷикистон беш аз 1600 мошини барқӣ (электромобил) ворид карда шудааст. Бино ба ин манбаъ, агар соли 2021 ба Тоҷикистон ҳамагӣ 47 электромобил ворид шуда бошад, ин рақам дар соли 2022 ба 767 адад расид, ки назар ба як соли қабл 720 адад, ё 15 маротиба зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба омори Раёсати нақлиёти рӯизаминии вазорати нақлиёти Тоҷикистон,
Танҳо дар нуҳ моҳи соли 2023 ба ҷумҳурӣ 1348 электромобил ворид карда шудааст, ки аз ин шумор 1333 ададаш мошинҳои сабукрав, 4 ададаш электробус ва микроэлектробус, 9 ададаш мошинҳои боркаши барқӣ ва ду адади боқимонда мошинҳои барқии борбардор (электропогрузчик) мебошанд.
Дар Тоҷикистон як барномаи вижаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027 қабул шуда, аз ҷумла дар ин муддат пурра ба электромобил гузаштани мошинҳои такси пешбинӣ шудастю Бо мақсади ташвиқи воридоти мошинҳои барқӣ, ба Кодекси андози Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки бар асоси он, воридоти электромобилҳо ба муддати 10 сол аз боҷи гумрукӣ, ҳамчунин аз андоз, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда шудааст.
Аммо ба гуфтаи ронандагон, дар ҳоли ҳозир, чанд мушкил дар роҳи истифодаи роҳатиу бемамониати мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон мониа эҷод мекунанд. Як мушкил нархи феълан хеле баланди электромобилҳост ва мушкили дигар ин аст, ки мошинҳои барқӣ дар ҳоли ҳозир ба ҷуз аз Душанбе ва манотиқи наздики атрофи он дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тақрибан қобили истифода нестанд, зеро зербинои он, аз ҷумла нуқтаҳои пур кардани нирӯи барқ барои чунин васоили нақлиёт дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ вуҷуд надорад.