ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЯТИМОВ ЭЪЛОН КАРД, КИ “МАСЪАЛАИ АСОСӢ – РОҲИ ВОРУХ – ХОҶАИ АЪЛО АМАЛАН ҲАЛ ШУД (ВИДЕО+13 АКС)

Рӯзи 1 декабри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор шуд. 

Бино ба иттилоияи расмӣ, Ятимов ва Тошиев кори ҳайатҳои ҳукуматиро мусбат арзёбӣ карда, ба

зарурати фаъол гардонидани раванди ба охир расонидани таъйини хатти марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда таъкид кардаанд. Дар иттилоия ҳамчунин таъкид шудааст, ки “мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид”.  

Аммо дар ҳоле ки дар иттилоияи расмӣ ҷонибҳо бо ҳамин чанд ҷумлаи хушки протоколӣ иктифо кардаанд, Ятимов а Тошиев, вақте ба пеши хабарнигорон омаданд, ба сурати ғайриинтизор бархе ҷузъиёти музокироти тарафҳоро ошкор карданд.

Қамчибек Тошиев гуфт, ки ӯ ва Ятимов “ба чанд тавофуқи усулӣ даст ёфтанд” ва, ба назари ӯ, “қарорҳое, ки мо имрӯз қабул кардем, моро ба ҳалли масъалаи асосии марзҳи байни ду кишвар наздиктар мекунад”. Тошиев изҳор дошт, ки Бишкек ва Душанбе ба ҳалли пурра ва ниҳоии ин масъала барои ҳарду ҷониб ҳассос “хеле наздик” шудаанд.

Раиси  ҳайъати Қирғизистон ҷузъиёти дигарро ошкор накард, вале ҳамтои тоҷики ӯ Саймумин Ятимов хеле ҷузъиёти дигари ҷараёни музокиротро боз кард. Ӯ аз ҷумла хабар дод, ки бо Тошиев “мо дар ду масъалаи асосӣ ба қарори усулӣ даст ёфтем”.  Ин “ду масъалаи асосӣ” инҳоянд:

  1. Роҳи Ворух – Хоҷаи Аъло
  2. Иншооте, ки др қаламрави кишвари ҳамсоя қарор доранд.

Дар мавриди тасмими бадастомада пиромуни ягони роҳи мошингарди байни ҷамоати Ворух ва Исфара, Ятимов ҷузъиёт надод ва ин роҳро “масъалаи аз ҳама асосӣ” номида, танҳо ҳамин қадар гуфт, ки “мо ин масъаларо алакай амалан ҳалшуда меҳисобем”.

Аммо дар масъалаи дуюм Ятимов тафсилоти бештар дод ва гуфт, ҷонибҳо ба чунин қарор расиданд, ки тамоми иншооте, ки аз Тоҷикистон асту дар қаламрави Қирғизистон қарор дорад, қаламрави Қирғизистон шумурда мешавад, вале Тоҷикистон ба он иншоот ҳаққи дастрасии бемамониат ва доимӣ пайдо хоҳад кард. Айни тасмим дар мавриди иншооти дар дохили Тоҷикистон доштаи Қирғизистон гирифта шудааст.

Ҷонибҳо то ҳол расман рӯйхатти иншоотии дар қаламрави кишварҳои дигар доштаи худро нашр накардаанд, вале қаблан хабарҳое ба даст расида буд, ки дастикам як чоҳи нафти Тоҷикистон дар дохили Қирғизистон мондааст. Ҳамин тавр, Тоҷикистон даъво дошт, ки роҳи ҷамоати Ворух ҳамчун қаламрави Тоҷикистон эътироф шавад. Қирғизистон ҳамин тавр, ба чанд дастгоҳи обкашӣ ва чандин чарогоҳ дар ҳудуди Тоҷикистон даъво дорад.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Душанбе ва Бишкек аз аввали моҳи октябри соли 2023 музокироти марзиро фаъол карданд ва дар як муддати кӯтоҳ аз пешрафт дар таъйин ва аломатгузории боз 75 километр аз қитъаҳои баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадовский, Ному насаби миллӣ бозгӯи ҳувият гуяд:

    Кишваре, ки “сулҳу суботу ваҳдату тинҷию оромӣ”-яш гуши фалакро карр кардааст, аммо вазифаи ҷоноҷонии дипломатҳоро ба зиммаи кумитаи амнияту мақомоти қудратӣ вогузоштааст, он ҳам бо либоси низомӣ, чаро охи?
    Магар роҳҳои мусолиматомез, осоишта ва дипломатиро гум кардаед? Ё ба ҷаҳониён нишон медиҳед, ки дар Ватани мо вазифаи дипломатия ва “КГБ” як аст?
    Ин нишон медиҳад, ки ҳам ҳукуматро ба зӯр ғасб кардаед, ҳам масоили давлату ҳукуматро бо зӯр ҳаллу фасл ва идора мекунед.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button