Хабарҳои кӯтоҳ

ЧОРКАСА БАР ГИПРОЗЕМ ЯК ҶАВОНРО ЛАТТУКӮБ КАРДА, БА ШИКАМАШ КОРД ЗАДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 1 декабри соли 2023

Лату кӯби ҷавони 23-сола аз ҳиссиёти авбошӣ

06

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 29-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 19:15-дақиқа, дар назди мағозаи «Ҳаловат», воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт писараш ҷавони 23-солаи сокини ҳамонҷоро шахсони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ зери лату кӯб қарор дода, бо корд 1-маротиба ба шикамаш зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 21, 24, 21 ва марди 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Бо роҳи қаллобӣ аз худ намудани автомашинаи барқии тамғаи «Марвел»

03

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 17-уми майи соли 2023, марди 36-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи барқии тамғаи «Марвел»-ро ба маблағи 475 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати 45 шабонарӯз бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button