ВидеоТоҷикистонҲодиса

АЛИШЕР ГУЛОВ, ПИСАРИ ШЕРАЛӢ ГУЛ БА 7 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ МАЪМУРӢ МАҲКУМ ШУД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар пайи занозании гуруҳӣ дар тарабхонаи “Бухоро Палас”  дар маркази пойтахти Тоыиктистон 4 нафар, аз ҷумла Алишер Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ва қудои президент Эмомалӣ Раҳмон, ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд.

Бино ба иттилои расмии милитсияи Душанбе, шаби 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 03:00, як гурӯҳ ҷавонон дар тарабхонаи “Бухоро Палас” бо ҳамдигар муноқиша намуда, бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия як қатор чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, дар натиҷа бо гумони иштирок дар ин муноқиша 4 шаҳрванди сокини шаҳри Душанбе:

  1. Гулов Алишер Шералиевич, санаи таваллудаш 11.08.1998,
  2. Маҳмадбеков Раҳмон Азизбекович, санаи таваллудаш 20.09.1997,
  3. Хоҷаев Ҷасур Фаррухович, санаи таваллудаш 22.09.1997, ва
  4. Шарипов Суҳроб Рустамович, санаи таваллудаш 20.01.1996, дастгир карда шуданд.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон дар ҳолати сархушӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо ҳамдигар муноқиша кардаанд.  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ ирсол карда шуд. Аз ҷониби додгоҳ нисбат ба дастгиршудагон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ татбиқ гардид”, –  гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Қаблан хабарҳое нашр шуд ки дар занозании соати сеи шаби 30 ноябр байни афроди Алишер Гулов, писари Шералӣ Гул ва афсари қӯшунҳои дохилаи ВКД ва Шердил Сироҷов, писари соҳибкор ва молики бозори собиқи “Ҷал-Ҷам”, дар маркази дилхушии “Бухоро Палас” дар Душанбе аз ду тараф панҷ нафар маҷрӯҳ шудаанд. Гуфта мешуд, ки  ҳарду тараф сарӯуш буданд ва дар ҷараёни занозанӣ аз корду оҳан истифода бурдаанд ва чор тан аз захмиён, аз ҷумлоа ду тан аз дӯстони Алишер Гулов ва Шердил Сироҷов бо як рафиқашро ба бемористони Қарияи Боло бурдаанд.

Шердил Сироҷов, ки дар бемористони Қарияи Боло бистарист, рӯзи 1-юми декабр дар суҳбат бо радиои зану шавҳар Аюбовҳо ҳодисаро тасдиқ кард, вале гуфт, гуноҳ надорад. Рафта камераҳоро бинед, айби онҳо шудааст, агар камераҳоро бинед, худатон ҳамаашро мефаҳмед. Мо ду кас будем, онҳо 12-13 нафар,—гуфт ӯ.  Шердил Сироҷов дар бораи сабабҳои эҳтимолии занозанӣ гуфтааст, ки Алишер Гулов “нисбати ман хусумат дошт, барои ҳамин бисёрӣ шуда, моро заданд.” Ӯ ҷузъиётро шарҳ надод. Наздиконаш гуфтаанд, ҳеч даъвое надоранд.

Дар гузашта низ номи Алишер Гулов дар пайи як чунин занозанӣ дар тарабхона расонаӣ шуда буд. Аммо номи бародари ӯ Диловар Гулов чандин бор барои иштирок дар занозаниҳо ба сархати хабарҳо афтодааст ва бори охир ӯро дар пайи латтукӯби як афсари ВКД барои як муддати кӯтоҳ  ҳатто маҳкум ба зиндон карданд.

Диловар Гулов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Хол-Муҳаммад-зода, Анушервони Одил, Ҳотами Той, Судяи тоҷик гуяд:

    Додрасҳои “одил”-и Тоҷикистон Далери Имомалӣ, Абдусаттор ва Завқибекро бидуни пешдоварӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд, оё онҳо шароб менушиданд? Занозанӣ кардаанд? Бетартибӣ кардаанд? Кордкашӣ кардаанд? “Буққагарӣ” кардаанд?
    Дар ҳоле, ки ҳамаи ин ҷиноятҳоро писарони “гул”-и садбарг дар як шаб анҷом додаанд, 7-рӯз ҳабси “қоғазӣ”, кайфа таҳкумун? كيف تحكم

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button