ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ВО-АҶАБ! РОНАНДАГИИ КӮДАКИ 9-СОЛА. БАРОИ ИН ПАДАРУ МОДАРАШРО ҶАРИМА МЕБАНДАНД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 1 декабри соли 2023 аз боздошти кӯдаки нӯҳсолае хабар дод, ки мошини падарашро саворӣ кардааст.

30-юми ноябри соли 2023, дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» аз ҷониби писарбачаи ноболиғ инъикос ёфта буд.

ВКД гуфт, дар натиҷаи гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии воситаи нақлиёти мазкур 58 58 SD 01 буда, таҳти идораи ноболиғ Саидов Самир Диловарович, соли таваллудаш 2014, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Қиблаӣ, деҳаи Қулписта, қарор доштааст.
Самири нӯҳсола рӯзи 20-уми ноябр аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии волидайни худ истифода бурда, бе иҷозат воситаи нақлиёти падарашро гирифта, бо суръати баланд идора намуда, ба гуфтаи ВКД, “ҷони худ ва дигар атрофиёнро зери хатар гузоштааст”.
Бино ба иттилои милитсия, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни номбурда барои бемасъулиятиву хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз 3 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи аз 204 то 476 сомонӣ таҳдид мекунад.
ВКД гуфт, ҳамзамон ҷиҳати минбаъд такрор наёфтани чунин ҳолат, бо волидайни номбурда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button