ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР БОЗОРИ “ТЕМЕРНИК”-И ШАҲРИ РОСТОВ, МАКОНИ КОРИ САДҲО МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Шоми 30 ноябри соли 2023 бозори “Темерник”, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳру вилояти Ростов ва ҷануби Русия ба коми оташ рафт. Доманаи оташ хеле зуд аз масоҳати ҳазор метри мураббаъ гузашта, нимашаб, ба гуфтаи раиси бозор Шомил Қарабошев, аз ду ҳазор метри мураббаъ гузашт. Шаҳрдори Ростов Алексей Логвиненко баъди нимашаб дар каналаш дар Телеграм навишт, ки масоҳати сӯхтор то ба 3 ҳазор метри мураббаъ расидаст.

Шомил Қарабошев ба  хабаргузории ТАСС гуфт, ҳанӯз ҳаҷми зарари сӯхторро муайян накардаанд.  Ӯ дар мавриди сабаби ин офат низ изҳори бехабарӣ кард ва гуфт: “Чӣ метавонист сабаби сӯхтор шавад? Ҳатто намедонам, чунки ҳамагӣ як моҳ пеш ҳама чиро тафтиш карда будам. Васоили фурӯ нишондани сӯхтор ҳамааш муҳайё буд, дар ҳар павилон ду ё се василаи сӯхторнишонӣ (огнетушитель) мавҷуд буд, ҳама тамрин гирифта буданд..”

Наздикиҳои нимашаб нирӯҳои пулис ва ОМОН ба бозори “Темерник” сафарбар карда шуданд. Онҳо бояд ба сӯхторнишонҳо кумак ва риояи тартиботи ҷамъиятиро таъмин кунанд. Бино ба хабарҳо, дар атрофи бозори даргирифта садҳо тоҷиру фурӯшандаҳои ин бозор ҷамъ шудаанд ва талош доранд, то ба дӯконҳои худ рафта, ақалан қисме аз молҳои худро аз оташ наҷот диҳанд. Вале мақомот тарс доранд, ки агар издиҳом ба даруни бозор фурӯ бирезад, ин метавонад боиси беназмӣ ва ҳатто сабаби  талафоти ҷонӣ метавонад бишавад.

Нирӯҳои пулис ва ОМОН роҳи даромади бозоррро аз тарафи кӯчаҳои Лелюшенко ва Миронов, ҳамчунин аз тарафи кӯчаҳои се тарафи дигари бозори “Темерник” печонида гирифтанд.

Бозори “Темерник”, ки нафақат дар шаҳру вилояти Ростов, балки дар ҳавзаи федералии ҷанубии Русия яке аз бузургтарин бозорҳо ба шумор меравад, аз 6 бозор иборат аст. Калонтарини онҳо бозору либосу пойафзоли “Восточний” мебошад. Дар назди ин бозорҳо ҳамчунин як мардикорбозор амал мекунад. Ҳар субҳ мардикорони зиёд, асосан муҳоҷирон дар инҷо бо умеди пайдо кардани ягон кори рӯзбайи рангубор, андова ё боркашонӣ ҷамъ мешаванд. Сокинони маҳаллӣ ин мардикорбозорро ҳатто “биржаи меҳнат” ном кардаанд.

Дар бозори “Темерник” садҳо муҳоҷир аз Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикҳо, кор мекунанд. Бархеи онҳо дар инҷо ба тиҷорат машғуланд ва тоҷирони комёбе аз байни муҳоҷирон низ ҳастанд, ки дар “Темерник” павилонҳои худро доранд. Аммо аксари муҳоҷирон дар ин бозор ҳамчун коргари кироя, аз ҷумла ҳамчун фурӯшанда, ошпаз, ҳаммол (грузчик), кӯчарӯб кор мекунанд.

Соли 2017 низ бозори “Темерник” дучори як сӯхтори бузург шуда буд. Дар он сӯхтор даҳҳо муҳоҷири тоҷик низ зарар диданд: бархеи онҳо молҳои худро аз даст доданд ва бархеи дигар аз ҷои кор маҳрум шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button