ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГБОРИ 4 ЗАНУ ДУХТАР АЗ СПИТАМЕН ДАР РОҲ БА СӮИ ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи садамае хабар дод, ки ҳамаи қурбониёнаш – ҳам ронандаву як мусофири ҳалокшуда ва ҳам ду мусофири дигари маҷруҳ – занону духтаронанд. Бино ба иттилои ВКД, рӯзи 29-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 12:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҳюндай-Аванте”, Нуриддинова Муаззама Исмоиловна, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 66-уми шоҳроҳи  Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва дар натиҷаи мошини ӯ ба  нишебии канори роҳ ба масофаи 600 метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Нуриддинова М.И. ва мусофираш Отабоева Рухшона Азимҷоновна, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигар ин мошин, аз ҷумла хоҳари ронанда Нуриддинова Малика Исмоиловна, соли таваллудаш 1984 ва ноболиғ Мамадҷонова Асила Муҳаммадҷоновна, соли таваллудаш 2011, сокинони ноҳияи Спитамен, бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button