Абдуҷалил Ҳошимов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, устоди “Шашмақом” шоми 30 ноябри соли 2023 дар зодгоҳаш, деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар синни 79 аз олам чашм пӯшид. Хабари даргузашти Абдуҷалил Ҳошимовро шоми 30 ноябр овозхони шинохта Фурқат Саидзода дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард.
“Чанд лаҳза қабл устоди мақомсаро ва навошинос, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдуҷалил Ҳошимов моро тарк карданд. Ёдашон гиромӣ”, – навишт Фурқат Саидзода.
Дар бораи иллати марги ҳунарманди шуҳратёр чизе гуфта нашудааст. Аммо агар умр вафояш мекард, ҳамагӣ як моҳ баъд – 1 январи соли 2023 – устод Абдуҷалил Ҳошимов ба синни мубораки 80 мерасид.
Абдуҷалил Ҳошимов аз устодони забардасти “Шашмақом” эътироф шуда буд ва соли 1974, дар синни ҳамагӣ сисолагӣ сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва соли 1994 сазовори унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон шуд.
Хабари даргузашти Абдуҷалил Ҳошимов ҳамкасбони мухлисонашро ғарқи андуҳ кардааст.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Aфзалшоҳи Шодӣ навишт: “Инсони самимӣ, овозу санъати ҳақиқӣ, меҳмондӯсту дилдарё буданд. Ҷояшон Ҷаннат бошад Устоди Шашмақоми миллатро!”
Ҳунарманди маъруф Софя Бадалбоева ҳам бо ёдоварӣ аз солҳои ҳамкории модараш Барно Исҳоқова, худи ӯ ва шавҳараш Юсуф Кайков бо Абдуҷалил Ҳошимов ин сатрҳоро аз хориҷ навиштааст: “Худо раҳматашон карда бошад Абдуҷалил-ака Ҳошимовро! Ҷояшон Ҷаннат шавад! Бист сол модарам, ҳамсарам Юсуф Кайков ва ман якҷоя бо Абдуҷалил-ака кор кардем дар радио ва телевизиони Тоҷикистон. Одами хушчақчақи шӯх буданд! Ба оилаашон, ёру дӯстон, ҳамкасбон ҳамдардии худро баён мекунем!”
Берта Бадалбоева ҳам навиштааст: “Ҷояшон Ҷаннат бошад, инсони хоксор ва хушхон буданд. Матни суруд пуропур фаҳмида мешуд ва оҳангҳои зебо доштанд, бо тор навохта мехонданд”.
Мутриб ва овозхони маъруф Умар Темуриён ба хабари даргузашти Абдуҷалил Ҳошимов чунин вокуниш кардааст: “Худованд раҳмату мағфират кунад.
Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст”.
Абдуҷалил Ҳошимов 1 январи соли 1944 дар деҳаи Қистакӯз (ҳоло Хистеварз) дар ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Б.Ғафуров) дар оилаи Ҳошими найнавоз, як мутриби шинохта дар саросари водии Фарғона ба дунё омадааст. Бародараш Абдуқодир низ найнавози машҳур буд. Ин аст, ки ишқи мусиқӣ аз хурдӣ дар дили Абдуҷалил Ҳошимов низ ҷой гирифт ва ӯро ба Омӯзишгоҳи мусқии шаҳри Душанбе бурд. Баъди хатми ин омӯзишгоҳ дар соли 1962, Абдуҷалил Ҳошимов ба дастаи шашмақомсароёни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва то соли 1994, дар тӯли беш аз 30 сол дар ансамбли “Шашмақом” ҳунарнамоӣ кард.
Ба гуфтаи худаш, соли 1963, вақте ки дар як консерт ӯ “Ушоқи Самарқанд”ро иҷро кард, раҳбари вақти Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон Воҳид Шарифов, ки дар толор буд, чунон ба ваҷ омад, ки ӯро ба ансамбли “Шашмақом” ба Душанбе даъват кард ва Абдуҷалил Ҳошимов бо розигии волидайн ба Душанбе кӯчида, идомаи риштаи умрашро бо ансамбли “Шашмақом пайваст.
Абдуҷалил Ҳошимов сипас то соли 2005 дар Донишкадаи санъат, Консерваторияи миллӣ дарс дода, соли 2005 ба зодгоҳаш баргашт ва солҳои 2006-2009 дар мактаби мусиқии ба номи Ш.Алифови ш.Бӯстон дарс дод ва то соли 2019 ба сифати устоди мақом дар ансамбли “Шашмақом”-и шаҳри Бӯстон ҳунарнамоӣ кард.
Абдуҷалил Ҳошимов устодони забардасти “Шашмақом” Фазлиддин Шаҳобов ва Шоҳназар Соҳибовро устодони худ дар мақомхонӣ мешумурд. Аз Абдуҷалил Ҳошимов даҳҳо тарона ва ончӣ, ки аз Шашмақом хондааст, дар хазинаи заррини мусиқии миллӣ ба ёдгор мемонад. “Насри Уззол”, “Талқинчаи Ироқи Бухоро”, “Мустазоди Наво”, “Талқини Баёт”, “Уфари Ушшоқ”, “Дустонро гум макун”, “Муждаи завқи умед”, “Тоҷикистон” аз таронаҳои мондагори Абдуҷалил Ҳошимов ном бурда мешаванд.