ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР НОҲИЯИ ҒАФУРОВ ЯК МӮСАФЕД МӮСАФЕДИ ДИГАРРО КОРД ЗАДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 30 ноябри соли 2023

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии пирамарди 72-сола

141

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 66-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, 28-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Б.Ғафурови ноҳияи мазкур қарор доштанаш, бо пирамарди 72-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷанҷу ҷанҷол карда, бо мақсади қасдан расонидани ҷароҳати вазнин ба саломатӣ, аз кисааш кордро гирифта, онро ба тарафи ҷабрдида ҳаво медиҳад, ки дар натиҷа корд ба қафаси синаи номбурда задааст.
Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани дуздии ду адад телефон аз мағоза

122

Дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Бохтар, муайян карда шуд, ки ӯ 7-уми ноябри соли 2023, бо тариқи пинҳонӣ ба мағозаи “Файз”, воқеъ дар кӯчаи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, ки ба марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, даромада, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-10” ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-5”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 2 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Содир намудани қаллобӣ бо истифода аз боварӣ

23

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 42-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ворид гардидааст, ки соли 2016, марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва 7 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди деҳаи Коммунизми ноҳияи Рӯдакӣ 0,06-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 10-уми марти соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ барои нигоҳубин намудан 110 сар чорвои майдаи шохдорро гирифтааст. Аммо чорвоҳои ба зимма гирифтаашро ба шахси номаълум дода, то ҳол онҳоро барнагардонидааст, ки бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи умумии 160 ҳазор сомонӣ зарари бузурги моддӣ расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button